Путин гуфт, Русия ҳамоно содиркунандаи рақами яки гандум дар ҷаҳон боқӣ мемонад

© Sputnik / Егор Еремов / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых. Архивное фото
Уборка зерновых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
ИМА ё Британияи Кабир ин маҳсулотро бештар истеҳсол мекунанд, эътироф кард сарвари Русия ва афзуд, ки онҳо онро ба миқдори зиёд истеъмол мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Владимир Путин гуфт, Русия бузургтарин содиркунандаи гандум дар ҷаҳон боқӣ мемонад.
"Мо дар сатҳи ҷаҳонӣ, дар бозорҳои ҷаҳонӣ комилан рақобатпазир шудем. Агар дар бораи бахши кишоварзӣ сухан гӯем, Русия бузургтарин содиркунандаи гандум дар ҷаҳон, рақами як боқӣ мемонад", - гуфт ӯ дар Форуми иқтисодии Авруосиё.
Вай қайд кард, ки чанде пеш Русия гандум мехарид ва ҳоло ин маҳсулро ба фурӯш гузаштааст.
Ба гуфтаи президенти Русия, кишварҳои дигар, ба монанди ИМА ё Британияи Кабир бештар гандум истеҳсол мекунанд, аммо онҳо бештар аз он истеъмол мекунанд.
"Русия дар бозори хориҷӣ рақами як шуд", - таъкид кард президент.
Пшеница, собранная на полях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Чин омили буҳрони ғизо дар Аврупоро гуфт
Раҳбари Русия ҳамчунин тавзеҳ дод, ки Маскав на танҳо бо раванди иваз кардан манбаи воридот сарукор хоҳад кард. Ҳамин тавр дар мамлакат тараққӣ додани саноат ва техникаи коркард пешбинӣ шудааст.
Муовини вазири хориҷаи Русия Андрей Руденко гуфт, барои ҳалли мушкили таъмини ғалла дар бозори ҷаҳонӣ таҳримҳои зидди Русияро лағв кардан лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил бояд бо истифода аз равиши ҳамгироӣ ҳал шавад.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки ҳосили ғалла дар Русия соли 2022 метавонад ба 130 миллион тонна, аз ҷумла 87 миллион тонна гандум бирасад, ки ин метавонад дар таърихи Русия рекордӣ бошад.
Лентаи хабарҳо
0