https://sputnik.tj/20220526/janu-tojikiston-bemorkhona-sil-1048720120.html
Дар ҷануби Тоҷикистон беморхонаи сил сохта мешавад
Дар ҷануби Тоҷикистон беморхонаи сил сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони беморхонаи нави мубориза бо бемории сил дар Кӯлоб оғоз мешавад ва ҳамзамон дармонгоҳи кӯдаконаи шабеҳ дар Ваҳдат бо таҷҳизот муҷаҳҳаз мешавад
2022-05-26T13:36+0500
2022-05-26T13:36+0500
2022-05-26T14:22+0500
дар тоҷикистон
беморхона
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041314192_0:134:2048:1286_1920x0_80_0_0_f32fde63fbacca4dd2cd8c63d06d5f4e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлон як беморхонаи нави мубориза бо бемории сил ба маблағи 11 миллион евро бунёд мешавад, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. Сохтмони бемористон дар Кӯлоб дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкориҳои молӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон пешбинӣ шудааст. Ин созишнома соли 2020 барои маблағгузории лоиҳаи марҳилаи VI Барномаи мубориза бо бемории сил ба имзо расида буд. Тибқи ин созишнома, 12,5 миллион евро ҷудо шудааст, ки 1,5 миллион евро барои муҷаҳҳаз сохтани беморхонаи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитони Ваҳдат ва пули боқимонда барои дармонгоҳи нав дар Кӯлоб ихтисос меёбад.Илова бар ин Вазорати иқтисод қайд кард, ки созишномаи иловагӣ оид ба додани грант барои татбиқи лоиҳа бо Бонки рушди Олмон ва "Помир энерҷӣ" ба маблағи 17,4 миллион евро баста шудааст. Маблағи иловагӣ ба сохтмони НБО "Себзор"-и ВМКБ меравад. Ёдовар мешавем, ки қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Тоҷикистон таҷҳизот барои безараргардонии партовҳои тиббӣ ҳадя карда буд. Таҷҳизот дар чаҳорчӯби тарҳи "Таҳкими системаи ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон"-и Иттиҳодияи ҷаҳонии ваксина ва эмкунӣ харидорӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220204/bemorkhona-siroyatii-dushanbe-kuchonda-kujo-1045485946.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041314192_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_e7dc5953e9be12843e95baa07bd5877c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон беморхона сил
Дар ҷануби Тоҷикистон беморхонаи сил сохта мешавад
13:36 26.05.2022 (Навсозишуда: 14:22 26.05.2022) Сохтмони беморхонаи нави мубориза бо бемории сил дар Кӯлоб оғоз мешавад ва ҳамзамон дармонгоҳи кӯдаконаи шабеҳ дар Ваҳдат бо таҷҳизот муҷаҳҳаз мешавад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлон як беморхонаи нави мубориза бо бемории сил ба маблағи 11 миллион евро бунёд мешавад, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Сохтмони бемористон дар Кӯлоб дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкориҳои молӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон пешбинӣ шудааст.
Ин созишнома соли 2020 барои маблағгузории лоиҳаи марҳилаи VI Барномаи мубориза бо бемории сил ба имзо расида буд.
Тибқи ин созишнома, 12,5 миллион евро ҷудо шудааст, ки 1,5 миллион евро барои муҷаҳҳаз сохтани беморхонаи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитони Ваҳдат ва пули боқимонда барои дармонгоҳи нав дар Кӯлоб ихтисос меёбад.
Илова бар ин Вазорати иқтисод қайд кард, ки созишномаи иловагӣ оид ба додани грант барои татбиқи лоиҳа бо Бонки рушди Олмон ва "Помир энерҷӣ" ба маблағи 17,4 миллион евро баста шудааст.
Маблағи иловагӣ ба сохтмони НБО "Себзор"-и ВМКБ меравад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Тоҷикистон таҷҳизот барои безараргардонии партовҳои тиббӣ ҳадя карда буд.
Таҷҳизот дар чаҳорчӯби тарҳи "Таҳкими системаи ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон"-и Иттиҳодияи ҷаҳонии ваксина ва эмкунӣ харидорӣ шудааст.