https://sputnik.tj/20220526/istirohatgohho-bachagona-tojikiston-kushoda-1048716316.html
Маълум шуд, ки истироҳатгоҳҳои бачагона дар Тоҷикистон кай боз мешаванд
Маълум шуд, ки истироҳатгоҳҳои бачагона дар Тоҷикистон кай боз мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар нимаи моҳи июн лагерҳои тобистона, ки дар он волидони зиёде фарзандони худро барои истироҳат мефиристанд, имсол дарҳои худро барои бастҳои аввал боз мекунанд
2022-05-26T09:41+0500
2022-05-26T09:41+0500
2022-05-26T13:50+0500
дар тоҷикистон
кӯдакон
истироҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101674/50/1016745048_0:87:3145:1856_1920x0_80_0_0_7543387243c6cad29346673cea180a83.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Истироҳатгоҳҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз 14 июн ба қабули кӯдакон шуруъ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар". Корҳои омодагӣ моҳи апрел оғоз шуданд. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 52 муассиса омодаанд, ки дар миёнаҳои моҳи оянда дарҳои худро боз кунанд. Ҳамин тариқ маҷмуи ин истироҳатгоҳҳо 7-то дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 7- тои дигар дар вилояти Хатлон, 19 дар вилояти Суғд ва 14 -тои дигар дар навоҳии тобеи ҷумҳуриро шомил мешавад.Имсол баъзе истироҳатгоҳҳо бачаҳоро дар ду баст, дар дигарҳо бошад, дар се-чор баст қабул мекунанд. Ҳар яке аз онҳо тақрибан 12-15 рӯз давом мекунад. Дар баробари ин барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ятимон, ки дар мактаб-интернатҳо таҳсил мекунанд, инчунин мактаббачагони боистеъдод истироҳат ташкил карда мешавад. Гуфта мешавад, ки мақомот рӯйхати онҳоро дар моҳҳои март-апрел пешниҳод кардаанд.Барои ташкили истироҳатгоҳҳои тобистонӣ соли ҷорӣ аз фондҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, аз мақомоти маҳаллӣ ва иттифоқҳои касаба 15 миллион сомонии иловагӣ ба ин бахш ихтисос ёфтааст. Соли қаблӣ зиёда аз 260 ҳазор нафар аз бачагон ба истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ, варзишӣ, берун аз шаҳр фаро гирифта шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220523/rahmon-vazifa-javonon-guft-1048636811.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101674/50/1016745048_8:0:2739:2048_1920x0_80_0_0_7d82c4da4b2d1b8f01fda40d03867f41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истироҳатгоҳҳо бачагон тоҷикистон
истироҳатгоҳҳо бачагон тоҷикистон
Маълум шуд, ки истироҳатгоҳҳои бачагона дар Тоҷикистон кай боз мешаванд
09:41 26.05.2022 (Навсозишуда: 13:50 26.05.2022) Дар нимаи моҳи июн лагерҳои тобистона, ки волидони зиёде фарзандони худро он ҷо барои истироҳат мефиристанд, имсол дарҳои худро барои бастҳои аввал боз мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Истироҳатгоҳҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз 14 июн ба қабули кӯдакон шуруъ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Корҳои омодагӣ моҳи апрел оғоз шуданд. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 52 муассиса омодаанд, ки дар миёнаҳои моҳи оянда дарҳои худро боз кунанд.
Ҳамин тариқ маҷмуи ин истироҳатгоҳҳо 7-то дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 7- тои дигар дар вилояти Хатлон, 19 дар вилояти Суғд ва 14 -тои дигар дар навоҳии тобеи ҷумҳуриро шомил мешавад.
Имсол баъзе истироҳатгоҳҳо бачаҳоро дар ду баст, дар дигарҳо бошад, дар се-чор баст қабул мекунанд. Ҳар яке аз онҳо тақрибан 12-15 рӯз давом мекунад.
Дар баробари ин барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ятимон, ки дар мактаб-интернатҳо таҳсил мекунанд, инчунин мактаббачагони боистеъдод истироҳат ташкил карда мешавад. Гуфта мешавад, ки мақомот рӯйхати онҳоро дар моҳҳои март-апрел пешниҳод кардаанд.
Барои ташкили истироҳатгоҳҳои тобистонӣ соли ҷорӣ аз фондҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, аз мақомоти маҳаллӣ ва иттифоқҳои касаба 15 миллион сомонии иловагӣ ба ин бахш ихтисос ёфтааст.
Соли қаблӣ зиёда аз 260 ҳазор нафар аз бачагон ба истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ, варзишӣ, берун аз шаҳр фаро гирифта шуда буданд.