Ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораи Бухоро соҳиби ҷоизаҳои махсус шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевЮбилейный показ дизайнера Хуршеда Сатторова
Юбилейный показ дизайнера Хуршеда Сатторова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Ҳунармандони тоҷик аз миёни 112 намояндаи кишварҳои ҷаҳон соҳиби ҷоизаҳои махсуси аввалин Ҷашнвораи байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Се ҳунарманди тоҷик дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ соҳиби мукофоти махсус шуданд.
Ҷашнвораи байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ аз 21 то 25 май дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон.
Дар ин озмуни ҳунарӣ се нафар аз ҳунармандони тоҷик ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

"Ҷойи ифтихорӣ бо маблағи 1300 доллар насиби зардӯз Салима Каримова ва ду ҷоизаи махсуси дигар бо маблағи 500 - долларӣ насиби тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов ва ширкати ООО "Рухом" гардид", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки дар фестивали мазкур беш аз 200 меҳмони хориҷӣ аз 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 112 ҳунарманд, 9 меҳмони фахрӣ, 4 ходими олии давлатии хориҷӣ ширкат доштанд.
Самарканд глазами путешественников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Тоҷикистон дар Самарқанду Бухоро филм ба навор мегирад
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин озмуни ҳунарӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоҳои заргар Дилмурод Шарифов, Малика Ҷӯраева, Кристина Илёс, зардӯзон Нарзӣ Қаландарова, Салима Каримова ва Наима Бобоева, инчунин намояндагони маркази ҳунармандии "Деҳаи гулзор" муаррифӣ намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0