Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Беҳад бад". Вазири Украина дар бораи ҳоли нерӯҳо дар Донбассс

© AP / Vadim GhirdaУкраинские военнослужащие в Буче
Украинские военнослужащие в Буче - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Украина вазъияти қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар минтақаи Донбассро беҳад бад арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки он метавонад бадтар шавад
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Вазъият дар Донбасс беҳад бад аст, изҳор дошт Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина. Ӯ ин нуқтаро зимни суханронияш дар Анҷумани ҷаҳонии иқтисодии "Украина ва Иттиҳоди Аврупо: ҳама бурд мекунанд" изҳор дошт.
Кулеба ҳушдор дод, ки вазъият метавонад боз ҳам бадтар шавад, агар нерӯҳои Украина мушак дарёфт накунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви СААД изҳор дошт, ки кишварҳои ғарбӣ барои ҷилавгирӣ аз саркӯби нерӯҳои Украина ба таври изтирорӣ интиқоли аслиҳаи ҳавоиро ба ин кишвар роҳандозӣ намудаанд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Тақдири Украина чӣ мешавад? Посухи Патрушев
Вай таъкид намуд, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро сарфи назар аз кумакҳои Ғарб ба Украина ва таҳримҳо то амалӣ шудани ҳадафҳои гузошташуда идома хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом натиҷаи тахриби низоми амнияти ҷаҳон аз сӯйи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ мебошад.
Дар мавриди рафти амалиёт Шойгу изҳор дошт, ки нерӯҳои Русия бар хилофи нерӯҳои Украина зерсохтҳои мулкиро ҳадаф қарор намедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, инфрасохторе, ки он ҷо метавонад шаҳрвандони мулкӣ бошанд, ҳадафи қарор дода намешаванд ва ин омил ба суръати амалиёт таъсир мегузорад.
Инчунин аз талошҳо барои эҷоди нуқтаҳои ноамн дар атрофи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ хабар дода шуд.
Дар чунин шароит вазири дифои Русия гуфт, азми қотеъ доранд, ки муносибат дар доираи СААД-ро таҳким бахшанд. Ӯ такмили шеваи қабули қарорҳо дар шароити буҳронӣ ва ҳамоҳангию вокунишро дар чунин ҳолатҳо муҳим хонд.
Лентаи хабарҳо
0