https://sputnik.tj/20220525/pushilin-amaliyot-ohistata-video-1048711446.html
Пушилин гуфт, чаро амалиёт оҳистатар аз хостаҳо пеш меравад - видео
Пушилин гуфт, чаро амалиёт оҳистатар аз хостаҳо пеш меравад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ҷумҳурии мардумии Донетск далели аз хостаҳои ҳама сусттар пеш рафтани амалиёти низомии Русия барои озодсозии Донбассро тавзеҳ дод
2022-05-25T20:00+0500
2022-05-25T20:00+0500
2022-05-25T20:00+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
видео
дар русия
донбасс
амалиёт
низомӣ
денис пушилин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048710522_0:0:3275:1842_1920x0_80_0_0_c31737776f170f4d8cc4b52cc2d57efe.jpg
Далели нисбатан оҳиста пеш рафтани амалиёти низомӣ дар Донбасс талошҳо барои ҳифзи инфрасохтор ва шаҳрвандон мебошад. Ин нуктаро Денис Пушилин, роҳбари ҶМД зимни суҳбат бо хабарнигорон баён дошт. Ба гуфтаи Пушилин, маҳз бо чунин боварҳо амалиёти низомӣ барои озодсозии Донбасс ҷараён гирифта истодааст. Вай афзуд, ки дар Луганск осонтару зудтар буд, чун деҳотҷой асту барои ҳариф истодагарӣ дар минтақаи кушод мушкил буд. "Баръакси ҳолро дар шаҳрҳо, минтақаҳои саноатӣ метавон дид, ки аз ҷумла дар шаҳри Мариупол дучори он шудем", - гуфт роҳбари ҶМД. Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия гуфт, амалиёти низомӣ дар Украина сарфи назар аз кумакҳои Ғарб ва таҳримҳо то амалӣ шудани ҳадафҳои гузошташуда идома хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом натиҷаи тахриби низоми амнияти ҷаҳон аз сӯйи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ мебошад.Дар мавриди рафти амалиёт Шойгу изҳор дошт, ки нерӯҳои Русия бар хилофи нерӯҳои Украина зерсохтҳои мулкиро ҳадаф қарор намедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, инфрасохторе, ки он ҷо метавонад шаҳрвандони мулкӣ бошанд, ҳадафи зарба қарор дода намешаванд ва ин омил ба суръати амалиёт таъсир мегузорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Видео РИА Новости. Пушилин рассказал, почему операция в ДНР идет медленно
Sputnik Тоҷикистон
Операция в ДНР идет медленнее, чем хотелось бы - это нужно для сохранения жизней мирных граждан и инфраструктуры, заявил РИА Новости Пушилин.
2022-05-25T20:00+0500
true
PT1M01S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048710522_217:0:2948:2048_1920x0_80_0_0_204a13ea09d5ae8aa6e36e49d46ad842.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, донбасс, оҳиста, хоста
амалиёт, донбасс, оҳиста, хоста
Пушилин гуфт, чаро амалиёт оҳистатар аз хостаҳо пеш меравад - видео
Роҳбари ҷумҳурии мардумии Донетск далели аз хостаҳои ҳама сусттар пеш рафтани амалиёти низомии Русия барои озодсозии Донбассро тавзеҳ дод
Далели нисбатан оҳиста пеш рафтани амалиёти низомӣ дар Донбасс талошҳо барои ҳифзи инфрасохтор ва шаҳрвандон мебошад.
Ин нуктаро Денис Пушилин, роҳбари ҶМД зимни суҳбат бо хабарнигорон баён дошт.
"Чаро оҳистатар аз он, ки ҳама мехоҳанд, аз ҷумла мо? Чунки ин шаҳрҳои моянд, инфрасохтори мо ва аз ҳама муҳим шаҳрвандони мо мебошанд, ки дар бораи бехатарии онҳо бояд фикр кард", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Пушилин, маҳз бо чунин боварҳо амалиёти низомӣ барои озодсозии Донбасс ҷараён гирифта истодааст.
Вай афзуд, ки дар Луганск осонтару зудтар буд, чун деҳотҷой асту барои ҳариф истодагарӣ дар минтақаи кушод мушкил буд.
"Баръакси ҳолро дар шаҳрҳо, минтақаҳои саноатӣ метавон дид, ки аз ҷумла дар шаҳри Мариупол дучори он шудем", - гуфт роҳбари ҶМД.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия гуфт, амалиёти низомӣ дар Украина сарфи назар аз кумакҳои Ғарб ва таҳримҳо то амалӣ шудани ҳадафҳои гузошташуда идома хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом натиҷаи тахриби низоми амнияти ҷаҳон аз сӯйи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ мебошад.
Дар мавриди рафти амалиёт Шойгу изҳор дошт, ки нерӯҳои Русия бар хилофи нерӯҳои Украина зерсохтҳои мулкиро ҳадаф қарор намедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, инфрасохторе, ки он ҷо метавонад шаҳрвандони мулкӣ бошанд, ҳадафи зарба қарор дода намешаванд ва ин омил ба суръати амалиёт таъсир мегузорад.