Душанбе ва Санкт-Петербург дар умури тиб робита барқарор мекунанд

© UNSPLASHВрач в лаборатории делает анализы
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаҳои нав таҳким меёбанд, ки яке аз онҳо тибби шахсӣ бо барномаҳои инноватсионист
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкориҳои нав ба навоварӣ дар соҳаи фармакология, ҷарроҳӣ ва муҳимтар аз ҳама ташхис хоҳад буд. Дар ин бора Олег Эргашев, муовини губернатори Санкт-Петербург дар ҷараёни сафараш ба Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, як ҳайати сершумори невропатологҳо, ҷарроҳон, кардиологҳои кӯдакона барои барқарор кардани робитаҳои нави мустақим байни созмонҳо вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст.

"Шумо медонед, ки Санкт-Петербург як навъ пойтахти соҳаи тандурустӣ аст. Ҳамин тавр мо, худамон барномаҳои инноватсионии тибби шахсиро таҳия карда истодаем, ки дар он табобат ба скрининги мунтазами генетикӣ асос ёфтааст ва ба мо имкон медиҳад, ки натиҷаҳои беҳтарин ба даст орем", - гуфт Эргашев.

Ҳамин тариқ табибони Русия аллакай аз маркази тиббии "Истиқлол" дидан намуда, бо кори табибони тоҷикро ошно шудаанд.
Эргашев қайд кард, ки саноати фармакологии Петербург босуръат тарққӣ мекунад — аз 800 дорувории ҳаётан муҳим 250-тоаш дар корхонаҳои шаҳр истеҳсол мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар пойтахти шимолии Русия низ воридоти дорувориҳои қаблан тавлиднашуда оғоз мешавад.
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Санкт-Петербург барои рушди мутахассисони тоҷик кумак хоҳад кард
"Корхонаҳои мо, ба монанди "Biocad", "Geropharm" имкони тавлиди доруҳоро доранд, аз синтези молекулаи нав то истеҳсоли доруи тайёр", - гуфт ноиби губернатор.
Вай таъкид кард, ки дар Санкт-Петербург барномаҳои инноватсионӣ ва гузинаҳои тибби фардӣ таҳия мешаванд, ки табобат дар асоси скрининги генетикии молекулавӣ сурат мегирад.
Маълум аст, ки табобати минбаъдаи нуқтавӣ имкон медиҳад, натиҷаҳои беҳтарин ба даст ояд, ки бо рақамикунонии соҳаи тандурустӣ зич алоқаманд аст ва имкон медиҳад, фавт ба таври назаррас коҳиш ёбад, итминон дод Эргашев.
Лентаи хабарҳо
0