"Чашмонаш боз шуд": вазъи дарвозабони "Равшан", ки ба садама афтод, беҳтар шуд

© Акс аз бойгонии тими "Равшан"Ҷавҳаршоҳ Абдуллозода, дарвозабони дастаи футболи "Равшан"
Ҷавҳаршоҳ Абдуллозода, дарвозабони дастаи футболи Равшан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Табибони шуъбаи эҳёи шифохонаи марказии ноҳияи Зафаробод вазъи саломатии Ҷавҳаршоҳ Абдуллозода, дарвозабони дастаи футболи "Равшан"-ро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Вазъи саломатии Ҷавҳаршоҳ Абдуллозода, дарвозабони дастаи футболи "Равшан" беҳтар шудааст.
Эргашбой Мирзоев, табиби шуъбаи эҳё дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон вазъи варзишгари бистаришударо шарҳ дод.
Ӯ гуфт, бо гузашти беш аз даҳ рӯз дар саломатии Абдуллозода тағйироте ба вуҷуд омадааст.

“Ҳоло назар ба рӯзҳои қаблӣ мустақилона нафас мегирад, чашмонаш боз мешаванд. Барои пурра аз ҳолати комаи осебӣ баромадани бемор вақт лозим аст”, – таъкид намуд табиб.

Бино ба гуфтаи Мирзоев, Абдуллозода ҳоло дар шуъбаи эҳё зери муроқибати шабонарӯзии пизишкон қарор дорад.
Ин табиб афзуд, ӯву ҳамкоронаш дар шифохонаи марказии ноҳияи Зафаробод дар таҷрибаи чандсолаи худ муолиҷаи ин гуна беморонро борҳо аз сар гузаронидаанд.

“Бо мурури вақт бемор ҳолати иғмоӣ (кома)-ро паси сар намуда, оҳиста-оҳиста дарку эҳсос ва нутқ пайдо хоҳад кард. Барои расидан ба он вақт лозим аст”, – шарҳ дод Мирзоев.

Абдуллозода Ҷавҳаршоҳ, дарвозабони дастаи футболи “Равшан”-и Зафаробод шаби 12 ба 13 май бар асари садамаи нақлиётӣ аз ноҳияи сараш осеб дид.
Табибони асабшинос як рӯз баъд аз рух додани ин ҳодисаи мудҳиш варзишгарро ҷарроҳӣ намуданд.
Дарвозабони "Равшан"-ро мошин зер кард: шарҳи табиб ва милиса
Ӯ сокини 19-солаи ноҳияи Спитамен буда, дарвозабони асосии дастаи футболи "Равшан"- и Зафаробод аст.
То ин замон роҳбарон ва масъулони дастаҳои Лигаи олии футбол барои расонидани кумак ва аёдати Ҷавҳаршо Абдуллоев ба ноҳияи Зафаробод сафар намуда, изҳори умед карданд, ки варзишгар зудтар шифо ёбаду ба майдон баргардад.
Дастаи "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод баъди пирӯзии мутлақ дар Лигаи якуми кишвар дар поёни соли 2021 барои нахустин бор соли ҷорӣ ба сафи Лигаи бартар ё худ олии футболи кишвар роҳ ёфт.
© Акс аз бойгонии тими "Равшан"Тими футболи "Равшан" ба Ҷавҳаршоҳ шифоҳи комил мехоҳад
Тими футболи Равшан ба Ҷавҳаршоҳ шифоҳи комил мехоҳад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Тими футболи "Равшан" ба Ҷавҳаршоҳ шифоҳи комил мехоҳад
Ҳоло ба ҳисоби дастаҳои "Хуҷанд"-у "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд ва "Истаравшан"-и Истаравшан “Равшан”-и Зафаробод чаҳорумин тими футбол аз вилояти Суғд мебошад, ки соли ҷорӣ миёни даҳ тим барои дарёфти унвони Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон сабқат мекунад.
Ҳарчанд Ҷавҳаршоҳ Абдуллозода ба иллати беморӣ ҳоло дар тими “Равшан” нест, вале дар аксҳои қабл аз шуруи бозӣ ҳамдастагонаш дар даст либоси варзишии ба номи ӯ сабтшударо доранд ва умедворанд, ки ин дарвозабони даста зудтар шифо меёбаду ҳамроҳи онҳо ба майдони сабз мебаргардад.
Лентаи хабарҳо
0