https://sputnik.tj/20220525/behtarin-bozigar-tojikiston-jom-osiyo-bozi-1048690601.html
Беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар рақобатҳои мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё бозӣ намекунад
Беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар рақобатҳои мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё бозӣ намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз беҳтарин ва гаронарзиштарин бозигарони тими митти Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ширкат нахоҳад кард
2022-05-25T10:39+0500
2022-05-25T10:39+0500
2022-05-25T12:47+0500
дар тоҷикистон
мунтахаби футболбозони тоҷик
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҷароҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044882103_0:152:768:584_1920x0_80_0_0_a192728d35c368cc9021b626dd8b308f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нимҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки дар бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад, ҷароҳат бардоштааст.Ӯ ба ин далел дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат карда наметавонад, хабар медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, Ҷалилов 23 май дар бозии сафарии Суперлигаи Ӯзбекистон-2022 бо дастаи "Динамо"-и Самарқанд (2:1) осеби ҷисмонӣ бардоштааст.Ба гуфтаи табиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, муҳлати барқароршавии вазъи саломатии бозигар яку ним моҳро ташкил медиҳад.Ёдовар мешавем, Алишер Ҷалилов, ки аз беҳтарин ҷавонони футболбози ояндадори тоҷик унвон мешавад, дар оғози соил ҷорӣ аз тими "Истиқлол" ба дастаи АГМК-и Ӯзбекистон пайваст.Гуфта мешуд, ки футболбоз бо барандаи медали биринҷии Чемпионати Ӯзбекистон-2021, бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баст.Маврид ба зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021, Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.Қаблан портали машҳури варзишии олмонии "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигарон ва тимҳои миллии кишварҳои гуногунро номбар карда буд, ки тибқи нишондоди он, Ҷалилов 600 ҳазор евро баҳогузорӣ мешуд.Ин нишондиҳандаи аз ҳама боло дар Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20220118/tojikiston-uzbekiston-jalilov-istiqlol-tark-1044882130.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044882103_0:80:768:656_1920x0_80_0_0_95f89001f77d33a384768e3dc955fae1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷоми осиё бозӣ ҷалилов
Беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар рақобатҳои мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё бозӣ намекунад
10:39 25.05.2022 (Навсозишуда: 12:47 25.05.2022) Яке аз беҳтарин ва гаронарзиштарин бозигарони тими милии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ширкат нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нимҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки дар бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад, ҷароҳат бардоштааст.
Ӯ ба ин далел дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат карда наметавонад, хабар медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Ҷалилов 23 май дар бозии сафарии Суперлигаи Ӯзбекистон-2022 бо дастаи "Динамо"-и Самарқанд (2:1) осеби ҷисмонӣ бардоштааст.
Ба гуфтаи табиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, муҳлати барқароршавии вазъи саломатии бозигар яку ним моҳро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, Алишер Ҷалилов, ки аз беҳтарин ҷавонони футболбози ояндадори тоҷик унвон мешавад, дар оғози соил ҷорӣ аз тими "Истиқлол" ба дастаи АГМК-и Ӯзбекистон пайваст.
Гуфта мешуд, ки футболбоз бо барандаи медали биринҷии Чемпионати Ӯзбекистон-2021, бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баст.
Маврид ба зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021, Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.
Қаблан портали машҳури варзишии олмонии "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигарон ва тимҳои миллии кишварҳои гуногунро номбар карда буд, ки тибқи нишондоди он, Ҷалилов 600 ҳазор евро баҳогузорӣ мешуд.
Ин нишондиҳандаи аз ҳама боло дар Тоҷикистон буд.