https://sputnik.tj/20220524/qodirov-hazorho-askar-ukrain-kursi-zelenskiy-qurbon-1048679953.html
Қодиров гуфт, ҳазорҳо аскари украинӣ ба хотири курсии Зеленский қурбон шуданд
Қодиров гуфт, ҳазорҳо аскари украинӣ ба хотири курсии Зеленский қурбон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Чеченистон гуфт, шумораи низомиёни украинӣ, ки "моҳияти аслии режими Киев" -ро дарк кардаанд,меафзояд. Ӯ аз қурбон шудани ҳазорҳои низомиён гуфт
2022-05-24T18:50+0500
2022-05-24T18:50+0500
2022-05-24T19:49+0500
чеченистон
рамазон қодиров
украина
амният ва мудофиа
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_0:96:2270:1373_1920x0_80_0_0_9967af23ae25b39a633e885eceecfb21.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон гуфт, ҳазорон сарбози украинӣ ба хотири ҳифзи "курсии гарм" -и Владимир Зеленский кушта ва захмӣ шуданд.Қодиров гуфт, бисёре аз сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украина қаблан ҳеҷ гоҳ силоҳ ба даст нагирифта буданд. Ӯ дар "Telegram-канал"-и худ бозпурсии як сарбози асируфтодаи украиниро нашр намуд.Сарбони украинӣ аз норасоии ғизо ва лавозимоти ҷангӣ гуфт. Ба таъкиди ӯ, онҳо аз воситаҳои алоқа танҳо як радио доштанду халос.Қодиров ҳамчунин аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки “ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба назди хонаводаҳои худ баргарданд".Ӯ ба онҳо маслиҳат дод, ки "дар қабули қарор таъхиркорӣ накунанд", зеро "ҳуҷуми артиши озодхоҳӣ ниҳоят зуд пеш меравад".Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.
https://sputnik.tj/20220524/shoygu-tahdidi-ejod-siloh-hastai-ukraina-1048672486.html
чеченистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_226:0:2255:1522_1920x0_80_0_0_36f4ffc6e1a5345e74b73d7248a2e3c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қодиров украина сарзоб зеленский қурбон
қодиров украина сарзоб зеленский қурбон
Қодиров гуфт, ҳазорҳо аскари украинӣ ба хотири курсии Зеленский қурбон шуданд
18:50 24.05.2022 (Навсозишуда: 19:49 24.05.2022) Роҳбари Чеченистон гуфт, шумораи низомиёни украинӣ, ки "моҳияти аслии режими Киев"-ро дарк кардаанд, меафзояд. Ӯ аз қурбон шудани ҳазорҳо низомӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон гуфт, ҳазорон сарбози украинӣ ба хотири ҳифзи "курсии гарм" -и Владимир Зеленский кушта ва захмӣ шуданд.
Қодиров гуфт, бисёре аз сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украина қаблан ҳеҷ гоҳ силоҳ ба даст нагирифта буданд. Ӯ дар "Telegram-канал"-и худ бозпурсии як сарбози асируфтодаи украиниро нашр намуд.
Сарбони украинӣ аз норасоии ғизо ва лавозимоти ҷангӣ гуфт. Ба таъкиди ӯ, онҳо аз воситаҳои алоқа танҳо як радио доштанду халос.
"Ҳазорон аскари украинӣ кушта шуданду теъдоди зиёде ҳам маҷруҳ. Ва ин ҳама барои чӣ? Барои ҳифзи курсии гарми Зеленский? Бале, дақиқан барои ҳифз кардани курсии ӯ ҷавонони зиёди украинӣ худро ба оғӯши марг меандозанд", - бо таассуф изҳор дошт Қодиров.
Қодиров ҳамчунин аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки “ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба назди хонаводаҳои худ баргарданд".
Ӯ ба онҳо маслиҳат дод, ки "дар қабули қарор таъхиркорӣ накунанд", зеро "ҳуҷуми артиши озодхоҳӣ ниҳоят зуд пеш меравад".
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.