Қазоқистон аз Тоҷикистон имдодхоҳӣ кард

© Министерство экологии, геологии и природных ресурсов КазахстанаМинистр экологии, геологии и природных ресурсов Казахстана Сериккали Брекешев
Министр экологии, геологии и природных ресурсов Казахстана Сериккали Брекешев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Вазири экологияи Қазоқистон дар бораи созишнома бо Тоҷикистон дар ҷиҳати дарёфти об аз обанбори "Баҳри тоҷик" хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Қазоқистон ва Ӯзбекистон реҷаи кори обанбори "Баҳри тоҷик"-ро дар авҷи обёрӣ бо Тоҷикистон ҳамоҳанг мекунанд.
Ҳамин тавр деҳқонони вилоятҳои Қизилурда ва Туркистон бо захираҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.
Вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериққали Брекешев қайд кард, ки ҷумҳурӣ аллакай бо Қирғизистон дар мавриди интиқоли 330 миллион метри мукааб об тавассути канали "Дӯстлик" мувофиқа кардааст.
Ҳамин тавр рӯзҳои 25-28 май Бишкек ҷадвали баргардонидани нерӯи барқро дар чаҳорчӯби табодули коло барои моҳҳои июн-август ҳамоҳанг мекунад.
Брекешев дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ба ҷуз ин коршиносони ду кишвар аз зерсохтҳои оби ҳавзаи дарёҳои Шу ва Талас дидан хоҳанд кард. Вай таъкид кард, ки Қазоқистон ва Тоҷикистон дар мавриди баҳрабардории Нурсултон аз оби обанбори "Баҳри тоҷик", ки ба "Тӯхтагул"-и Қирғизистон мерасад, тавофуқи пешакӣ доранд.

"То охири моҳи май шартҳои камшавии обанбори "Баҳри тоҷик" мувофиқа карда шуда, рӯзҳои 5-6 июн дар Душанбе ин шартҳо бо протоколи сеҷониба (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) муқаррар карда мешаванд", - гуфт вазир.

Вай афзуд, воридшавии захираҳо ба обанбори "Шардара" дар мавсими кишт бояд 3,9 миллиард метри мукаабро ташкил диҳанд. Ин ба пешгирии талафоти зиёди ҳосил мусоидат мекунад, менависад "Kazinform".
Водохранилище Таджикское море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Оби дар "Баҳри тоҷик" захирашударо ба Ӯзбекистону Қазоқистон интиқол медиҳанд
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 бархе аз манотиқи ҷумҳурии ҳамсоя бар асари хушксолӣ дар вазъияти душвор қарор доштанд.
Ба деҳқонон лозим омад, то майдони киштро кам кунанд ва ҳукуматдорон бояд барои таъмин кардани минтақаҳо бо об чораҷӯӣ кунанд.
Норасоии захираҳои дарёи Сир ва обанбори "Шардара" боиси хушксолии вилоятҳои Туркистон ва Қизилӯрда гардид.
Лентаи хабарҳо
0