Олмон эътироф кард, ки Ғарб натавонист иқтисоди Русияро фалаҷ кунад

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкРоссийский рубль
Российский рубль  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина фурӯпошии комили рубл ва таназзулро пешгӯӣ мекарданд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ғарб натавонист иқтисоди Русияро фалаҷ кунад, менависад нашрияи олмонии "Deutsche Wirtschafts Nachrichten".
Дар матлаби ин нашрия таъкид шудааст, ки қурби рубл дар баробари евро дар ҳафт соли охир ба ҳадди рекордӣ расидааст.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ дар пасманзари амалиёти вижа дар Украина таназзули қурби рублро пешгӯӣ карда буданд. Аммо ин тавр нашуд.
Маълум шуд, ки Русия ба муқовимати иқтисодӣ омодагии хуб дорад, менависад DWN. Махсусан Маскав аз фурӯши нефту газ даромади калон мегирад. Иттиҳоди Аврупо ба фарқ аз кишварҳои G7, ки ваъдаи даст кашидан аз тилои сиёҳи Русияро додаанд, ин корро карда наметавонад.
Илова бар ин ин кишвар аксари талафоти фурӯши худро ба воситаи Ҳинд ва Чин ба даст овард.
Денежные купюры США и банковские карты международных платежных систем VISA. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Ба Осиёи Марказӣ чӣ мешавад, агар Ғарб бо таҳримҳо зарба занад: пешгӯии коршинос
Қаблан рӯзномаи "Süddeutsche Zeitung"-и Олмон низ пешгӯӣ намуда буд, ки таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия натиҷабахш нахоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина кишварҳои ғарбӣ ба эъмоли таҳримҳои зидди Русия шуруъ карданд. Онҳо ба соҳаи энергетика ҳам дахл карданд.
Аммо худи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо таъсири манфии таҳримҳои ҷориро эҳсос карданд. Ҳамин тариқ дар ин кишварҳо нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ босуръат боло рафтан гирифт.
Аврупо имкони даст кашидани аз харидории комили нафту гази Русияро баррасӣ мекунад, аммо бархе кишварҳо, бахусус Маҷористон монеи ин кор ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0