Медведев: ҶМД ва ҶМЛ ба ҳайати Украина барнамегарданд

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ҷумҳуриҳои Донбасс дар бораи сарнавишти худ тасмими ниҳоӣ гирифтаанд ва дигар ба Украина барнамегарданд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск мисли Қрим ба ҳайати Украина барнамегарданд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар шабакаи "Telegram"-и худ иттилоъ дод.
Вай дар бораи "нақшаи чаҳормарҳилагии ҳалли мусолиматомези вазъ дар Украина", ки Итолиё тавассути Вазорати хориҷаи худ ба СММ пешниҳод кардааст, шарҳи мавзеъ дод. Яке аз нуқтаҳо "мухторияти Донбасс бо нигоҳ доштани он дар доираи Украина" аст.

"Бемаънӣ. Қарорро дар бораи сарнавишти худ ҷумҳуриҳои Донбасс қабул карданд ва барнамегарданд. Ин барои ҳар касе, ки сарнавишти созишҳои Минск ва кушта шудани шаҳрвандони ҶМД ва ҶМЛ-ро дар ёд дорад, қобили қабул нест", - навиштааст ӯ.

Медведев мутмаин аст, ки ҶМД ва ҶМЛ қарори ниҳоӣ қабул кардаанд.
Нақшаи Итолиё ҳамчунин мухторияти комили Қрим дар ҳайати Украинаро дар бар мегирад.
Ба эътиқоди ин сиёсатмадор, ин "дағалии мустақим алайҳи Русия, таҳдид ба тамомияти арзии он ва баҳона барои оғози ҷанги комил" аст.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Медведев: Русия ба сар задани Ҷанги савуми ҷаҳонӣ роҳ намедиҳад
"Дар Русия ягон нерӯи сиёсие вуҷуд надорад ва нахоҳад буд, ки ҳатто ба баррасии сарнавишти Қрим розӣ шавад. Ин хиёнати миллӣ хоҳад буд", - таъкид кард Медведев.
Илова бар ин дар паёми худ муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфтааст, ки ҳоло Ғарбро "хоришак"-и эҷоди "нақшаҳои сулҳофаринӣ" гирифтааст, ки бояд ба ҳаллу фасли буҳрон дар Украина мунҷар шавад.
Бербок: Буҳрони Украина ҷаҳонро ба “гуруснагии маргбор” рӯ ба рӯ хоҳад кард
Вай хулоса кард, ки дар сурати тағйир додани сенарияи амалиёти низомӣ мақомоти Украина ва фармондеҳии низомиро ҳатто бункерҳои зеризаминӣ наҷот дода наметавонанд.
Лентаи хабарҳо
0