Ҳушдори ҳавосанҷон аз омадани сел дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон бебориш аст, вале аз сабаби бештар шудани дамои ҳаво хатари фаромадани сел дар минтақаҳои кӯҳӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ба дунболи боришоти шадиди жолаву борон ба Тоҷикистон боз гармои шадид бармегардад. Дар аксари минтақаҳо гармии ҳаво наздик ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар ҳамин ҳол Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои кӯҳӣ хавфи фаромадани сел мавҷуд аст.
Ин манбаъ меафзояд, селфароӣ асосан минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлонро таҳдид мекунад.
Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносӣ, дар ВМКБ ҳавои қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-2 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Зарари борону обхезӣ дар Душанбе: аз мактаби президентӣ то эстокадаи маҳаллаи 82
Дар вилояти шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм ҳаво гарм хоҳад шуд.
Манбаъ дар вилояти Хатлон низ ҳавои бебориш пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 12-14 дараҷа ва рӯзона 31-32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0