Дар Арманистон мухолифин бинои Вазорати умури хориҷаро бастанд - видео

© Sputnik / Арам Нерсесян / Гузариш ба медиабонкАкции протеста продолжаются в Ереване
Акции протеста продолжаются в Ереване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Ҳамоҳангсози ҷунбиши мухолифони "Муқовимат" хостори бастани роҳи даромад ва баромад аз бинои Вазорати умури хориҷӣ дар Ереван шуд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Аъзои ҷунбиши мухолифони “Муқовимат” ва ҷонибдорони онҳо, ки дар майдони Фаронса дар Ереван раҳпаймоӣ ташкил карданд, ба бинои Вазорати корҳои хориҷии Арманистон расиданд. Дар ин бора Sputnik Арманистон хабар медиҳад.
Яке аз ҳамоҳангсозони ин ҷунбиш Ишхон Сагателян хостори бастани тамоми даромадгоҳу баромадгоҳҳои бинои Вазорати умури хориҷии ин кишвар шудааст.

"Вазири умури хориҷӣ дигар ба манфиатҳои Арманистон хидмат намекунад, ҳама даромадгоҳу баромадгоҳҳо бояд баста шаванд", - талаб намудааст Сагателян.

Ёдовар мешавем, ки мухолифони Арманистон чанд ҳафта боз дар пойтахт бо талаби истеъфои сарвазири феълӣ Никол Пашинян тазоҳурот баргузор мекунанд.
Эътирозгарон бар ин боваранд, ки сиёсати мақомот кишварро ба аз даст додани давлатдории Артсах ва Арманистон мебарад.
Мухолифин аз 25 апрел ба ин сӯ тазоҳуроти пароканда баргузор мекунанд.
Полиция стянула дополнительные силы к захваченному зданию ППС в Ереване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Эътироз алайҳи Пашинян ва боздоштҳои бераҳмона: дар Ереван чӣ мегузарад - видео
Қаблан додситонии кулли Арманистон аз вуруди шикояти наздикони сарбозони армание, ки дар ҷанги Қарабоғ кушта шуданд, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин шикоят алайҳи Никол Пашинян аст, ки дар он иддао мешавад, алайҳи ӯ мутобиқи чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан парванда боз гардад.
Феълан Додситонии кулли Арманистон дастури баррасии ин муроҷиат аз ҷониби муфаттишонро содир кардааст.
Лентаи хабарҳо
0