Раҳмон ба СММ гуфт, чӣ Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил медиҳад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ тарҳҳоеро пешниҳод кард, ки ба гуфтаи ӯ, ҷумҳуриро аз бунбаст мераҳонанд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлоси 78-уми маҷозии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнусия - ЭСКАТО бархе пешниҳодҳо барои рушди минтақаро ироа намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа аз таъсири буҳрони бемории ҳамагири COVID-19 ба иқтисоди кишварҳо зикр карда афзуд, ки бо саъю кӯшиши муштарак таҳдидҳои дар натиҷаи паҳншавии COVID-19 зуҳуркарда то андозае коҳиш дода шуданд.
"Имрӯзҳо ба шарофати тадбирҳои саривақтии зиддибуҳроние, ки аз ҷониби ҳукумат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таъсири ҳамагирӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар амалӣ карда шуданд, тамоюли эҳёи иқтисод пас аз бемории КОВИД-19 мушоҳида мегардад", - изҳор дошт Раҳмон.
Презентация прогнозов роста национальной экономики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Аз ҷалби сармоя то ташкили ҷойҳои кории нав. Баррасии дурнамои иқтисоди миллӣ дар Душанбе
Ӯ афзуд, ҳамин тариқ дар соли 2021 рушди иқтисодӣ дар кишвар 9,2%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 4,7% зиёд мебошад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин зарурати таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти бисёрҷанбаи ҳамлу нақл, рушди инфрасохтори он, таъсиси марказҳои логистикии минтақаӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин низоми зеҳнии нақлиётӣ дар доираи ЭСКАТО-ро ба миён гузошт.
Вай таъкид намуд, ки ин иқдом метавонад кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра берун бароварда, ба як кишвари транзитӣ мубаддал созанд.
Дар кори иҷлос ҳамчунин дабири кулли СММ Антониу Гутерреш, раиси Маҷмаи умумии СММ Абдулло Шаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнусия Армида Алишаҳбону, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Таиланд, Гурҷистон, Индонезия, Ҷазираҳои Маршал, Бангладеш, Камбоҷа, Фиҷи, Малайзия, Самоа, Ветнам, Зеландияи Нав ва ғайра иштирок карданд.
Лентаи хабарҳо
0