https://sputnik.tj/20220523/peskov-gunahkoron-qahti-jahon-nom-1048646377.html
Песков гунаҳкорони сар задани қаҳтӣ дар ҷаҳонро ном бурд
Песков гунаҳкорони сар задани қаҳтӣ дар ҷаҳонро ном бурд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан СММ изҳори нигаронӣ карда буд, ки вазъ дар Украина метавонад боиси болоравии қимати маводи ғизоӣ ва қаҳтӣ дар саросари ҷаҳон гардад
2022-05-23T15:35+0500
2022-05-23T15:35+0500
2022-05-23T15:38+0500
дар русия
дмитрий песков
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_12b3d185ce9430405f1b763f00eda8ed.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Русия манбаи таҳдиди гуруснагии ҷаҳонӣ нест, ҳамааш ба айби таҳримҳо рух медиҳад, мегӯяд котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков. Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Украина содиркунандагони ғаллаи ба қадри кофӣ боэътимод буданд. Дар ҳоли ҳозир Русия ба содироти қатораҳои ғалла аз қаламрави Украина тавассути роҳи оҳан халал намерасонад ва дар мушкили роҳҳои баҳрӣ маҳз Маскав гунаҳкор нест.Ба гуфтаи ӯ, Русия бо ҳаросҳо дар бораи ташаккули буҳрони ҷаҳонии ғизо, ки Дабири кулли СММ изҳор дошт, мувофиқ аст. "Барои аз сар гирифта шудани ҳаракати киштиҳо чораҳои махсус лозиманд. Дар ин бора президент ҳарф зад", - ёдовар шуд Песков. Қаблан Томсон Пири, сухангӯи Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ гуфта буд, ки вазъ дар Украина метавонад боиси болоравии қимати маводи ғизоӣ ва гуруснагии ҷаҳон гардад.Ба гуфтаи ӯ, ҳавзаи баҳри Сиёҳ яке аз муҳимтарин минтақаҳои тавлиди ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.Ба гуфтаи СММ, саҳми Украина ва Русия дар содироти ҷаҳонии гандум 30%, содироти ҷуворимакка 20%, интиқоли офтобпараст 76% аст, аз ин рӯ ҳар гуна таваққуф дар истеҳсол ё таъминоти ин мавод метавонад боиси болоравии нархҳо шавад.
https://sputnik.tj/20220521/vaziri-khorija-italiya-janghoi-ghizoi-peshgui-1048623282.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048511879_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_94928c64a99162d33bda45868c4c79e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков қаҳтӣ ҷаҳон
Песков гунаҳкорони сар задани қаҳтӣ дар ҷаҳонро ном бурд
15:35 23.05.2022 (Навсозишуда: 15:38 23.05.2022) Қаблан СММ изҳори нигаронӣ карда буд, ки вазъ дар Украина метавонад боиси болоравии қимати маводи ғизоӣ ва қаҳтӣ дар саросари ҷаҳон гардад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Русия манбаи таҳдиди гуруснагии ҷаҳонӣ нест, ҳамааш ба айби таҳримҳо рух медиҳад, мегӯяд котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Украина содиркунандагони ғаллаи ба қадри кофӣ боэътимод буданд. Дар ҳоли ҳозир Русия ба содироти қатораҳои ғалла аз қаламрави Украина тавассути роҳи оҳан халал намерасонад ва дар мушкили роҳҳои баҳрӣ маҳз Маскав гунаҳкор нест.
"Манбаъҳои ин мушкилот онҳое ҳастанд, ки таҳримот ҷорӣ кардаанд ва худи таҳримҳое, ки амал мекунанд, мушкилзо ҳастанд", - гуфт Песков.
Ба гуфтаи ӯ, Русия бо ҳаросҳо дар бораи ташаккули буҳрони ҷаҳонии ғизо, ки Дабири кулли СММ изҳор дошт, мувофиқ аст.
"Барои аз сар гирифта шудани ҳаракати киштиҳо чораҳои махсус лозиманд. Дар ин бора президент ҳарф зад", - ёдовар шуд Песков.
Қаблан Томсон Пири, сухангӯи Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ гуфта буд, ки вазъ дар Украина метавонад боиси болоравии қимати маводи ғизоӣ ва гуруснагии ҷаҳон гардад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳавзаи баҳри Сиёҳ яке аз муҳимтарин минтақаҳои тавлиди ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Ба гуфтаи СММ, саҳми Украина ва Русия дар содироти ҷаҳонии гандум 30%, содироти ҷуворимакка 20%, интиқоли офтобпараст 76% аст, аз ин рӯ ҳар гуна таваққуф дар истеҳсол ё таъминоти ин мавод метавонад боиси болоравии нархҳо шавад.