Зане, ки дар Душанбе бо санг чанд банкоматро зада хароб кард, боздошт шуд

© Sputnik Банкомат Сбербанка
Банкомат Сбербанка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Зимни бозпурсӣ ин зан иқрор шудааст, ки чун банкомат ба далели надоштани маблағ ба ӯ пул надод, асабонӣ шуд ва сари ҷаҳл чанд дастгоҳҳоро корношоям кард
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Душанбе зане, ки чанд дастгоҳи худпардози бонкиро бо санг зада хароб намуд, боздошт шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Раёасти Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бояд гуфт, чанд рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ видеое роҳ ёфта буд, ки дар он як зан бо санг чанд банкоматро бо қаҳр зада, пас аз он сангро рӯи фарш ҳаво доду худаш аз дохили бино берун шуд.
Рафтори ин зан аксари корбаронро ба ҳайрат овард, ҳарчанд баъзеҳо ваъзи ин занро дарк кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, аксари вақт банкоматҳо ба далели надоштани маблағ одамро асабонӣ мекунанд.
Бо вуҷуди ин, кормандони милитсияи пойтахт номбурдаро муайян ва дастгир намуданд.
Дар Душанбе ронандаи "Тойота прадо"-ро пас аз як тӯй ҷарима карданд
Муайян гардид, ки ӯ сокини 35-солаи шаҳри Турсунзода буда, ба далели зиёд асабонӣ будан бо санг ду адад дастгоҳи худпардози бонкии ҶДММ "Душанбе сити", воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи С.Айниро зада корношоям намудааст.
РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, тибқи талаботи моддаи 255, Кодекси ҷиноятӣ маводи лозима тартиб дода шуда, қазияи мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0