https://sputnik.tj/20220523/nom-namoi-mcdonalds-1048648634.html
Ному намои нави "McDonald's" чӣ гуна хоҳад буд?
Ному намои нави "McDonald's" чӣ гуна хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо дар мавриди номи эҳтимолии ҷадиди "McDonald's" дар Русия маълумот пайдо кардаанд, ки интизор меравад баъди ребрендинг онро соҳиб шавад
2022-05-23T16:35+0500
2022-05-23T16:35+0500
2022-05-23T17:45+0500
дар русия
иқтисод
макдоналдс
ном
иваз
ғизо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0c/1046732379_173:0:2578:1353_1920x0_80_0_0_ac3caaa84765de408d620677df1de8f3.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Русия ба шакли овезаи ҷадиди тамғаҳои ғизои зудтайёри "McDonald's" метавонанд ду ҳарфи лотинӣ - MС-ро истифода намоянд, хабар дод нашрияи "Известия" бо такя ба як манбаъ.Дар ҳамин ҳол хадамоти матбуотии "McDonald's" маълумотро дар бораи иваз кардани номи тарабхонаҳо овоза номид. Таъкид шудааст, ки дар номи ҷадид ҳифзи ҳарфи М дар назар нест. Ин ба он маъност, тамоми овезаҳое, ки то ҳол дар пештоқи тарабхонаҳои ғизои зудтайёри "McDonald's" насб шуда буданд, канда хоҳанд шуд. Ба иттилои манбаи огоҳ, ширкати амрикоӣ дар таҳияи номи нав барои тарабхонаҳо иштирок мекунад. Дар мавриди рӯйхати ғизоҳо баъди иваз кардани тамға таъкид гардид, ки ба таври консептуалӣ тағйир намеёбанд ва хеле наздик ба хӯроки қаблии "McDonald's" хоҳанд буд. Коршиносон мегӯянд, тарабхонаҳои ғизои зудтайёр таҳти тамғаи нав метавонанд охири моҳи июн ва аввали июли соли 2022 ба кори худ оғоз кунанд. Маврид ба зикр аст, ахиран "McDonald's", ки беш аз 30 сол дар Русия фаъолият дошт, аз басташавии муваққати 850 тарабхона хабар дод. Баъдан дар бораи тарки кишвар кардани ин ширкат дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина хабар дода шуд. Феълан маълум аст, "McDonald’s" тиҷораташро ба Александр Говор мефурӯшад, ки ӯ фаъолияти тарабхонаҳоро таҳти тамғаи нав ба роҳ меандозад. Феълан ҳамаи тарабхонаҳо баста буда, ҳамаи 62 ҳазор корманди он маошашонро гирифта истодаанд.
https://sputnik.tj/20220420/putin-tarabkhona-gharb-1047810702.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0c/1046732379_473:0:2277:1353_1920x0_80_0_0_e5bea58b4d8ae4bdd757f426d4013b50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарабхона, макдоналдс, кушода
тарабхона, макдоналдс, кушода
Ному намои нави "McDonald's" чӣ гуна хоҳад буд?
16:35 23.05.2022 (Навсозишуда: 17:45 23.05.2022) Расонаҳо дар мавриди номи эҳтимолии ҷадиди "McDonald's" дар Русия маълумот пайдо кардаанд, ки интизор меравад, баъди ребрендинг онро соҳиб шавад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Русия ба шакли овезаи ҷадиди тамғаҳои ғизои зудтайёри "McDonald's" метавонанд ду ҳарфи лотинӣ - MС-ро истифода намоянд, хабар дод нашрияи "Известия" бо такя ба як манбаъ.
Дар ҳамин ҳол хадамоти матбуотии "McDonald's" маълумотро дар бораи иваз кардани номи тарабхонаҳо овоза номид.
"Мо ҳанӯз номро эълон накардаем ва ҳамин ки мо онро оммавӣ кардем, шумо фавран дар ин бора огоҳ хоҳед шуд", - изҳор доштаанд масъулини ин ширкат.
Таъкид шудааст, ки дар номи ҷадид ҳифзи ҳарфи М дар назар нест. Ин ба он маъност, тамоми овезаҳое, ки то ҳол дар пештоқи тарабхонаҳои ғизои зудтайёри "McDonald's" насб шуда буданд, канда хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаи огоҳ, ширкати амрикоӣ дар таҳияи номи нав барои тарабхонаҳо иштирок мекунад.
Дар мавриди рӯйхати ғизоҳо баъди иваз кардани тамға таъкид гардид, ки ба таври консептуалӣ тағйир намеёбанд ва хеле наздик ба хӯроки қаблии "McDonald's" хоҳанд буд.
Коршиносон мегӯянд, тарабхонаҳои ғизои зудтайёр таҳти тамғаи нав метавонанд охири моҳи июн ва аввали июли соли 2022 ба кори худ оғоз кунанд.
Маврид ба зикр аст, ахиран "McDonald's", ки беш аз 30 сол дар Русия фаъолият дошт, аз басташавии муваққати 850 тарабхона хабар дод. Баъдан дар бораи тарки кишвар кардани ин ширкат дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина хабар дода шуд.
Феълан маълум аст, "McDonald’s" тиҷораташро ба Александр Говор мефурӯшад, ки ӯ фаъолияти тарабхонаҳоро таҳти тамғаи нав ба роҳ меандозад. Феълан ҳамаи тарабхонаҳо баста буда, ҳамаи 62 ҳазор корманди он маошашонро гирифта истодаанд.