https://sputnik.tj/20220523/boron-rad-barq-barf-zhola-obuhavo-tojikiston-1048636612.html
Аз борону раъду барқ то барфу жола: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон
Аз борону раъду барқ то барфу жола: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистонро ҳавои номусоиди абрнок интизор аст. Бориши шадиди борон ба амал омадани раъду барқ ва ҳатто дар шарқи ВМКБ бориши барф пешгӯӣ мешавад
2022-05-23T10:01+0500
2022-05-23T10:01+0500
2022-05-23T14:34+0500
обу ҳаво
дар тоҷикистон
борон
жола
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/42/1026374292_0:114:2967:1783_1920x0_80_0_0_881294186cff5b459381f3cf6d8ad80b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар буда, боронҳои дорои хусусияти сел дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест, хабар дод Ожонси ҳавошиносии кишвар.Ба иттилои иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (шабона дар шарқи вилоят бориши сусти барф) меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.Хатлониёнро ҳавои қисман абрнок интизор буда, борон дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, жоларезӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои абриву боронӣ ва раъду бурқ фаро гирифта, резиши жола низ аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220520/khf-seli-sughd-1048593310.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/42/1026374292_80:0:2809:2047_1920x0_80_0_0_d26fe2e92bb42caa7557497fe5cb0ef0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
борон раъд барқ барф жола обуҳаво тоҷикистон
борон раъд барқ барф жола обуҳаво тоҷикистон
Аз борону раъду барқ то барфу жола: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон
10:01 23.05.2022 (Навсозишуда: 14:34 23.05.2022) Сокинони Тоҷикистонро ҳавои номусоиди абрнок интизор аст. Бориши шадиди борон ба амал омадани раъду барқ ва ҳатто дар шарқи ВМКБ бориши барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар буда, боронҳои дорои хусусияти сел дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест, хабар дод Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (шабона дар шарқи вилоят бориши сусти барф) меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои қисман абрнок интизор буда, борон дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, жоларезӣ аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои абриву боронӣ ва раъду бурқ фаро гирифта, резиши жола низ аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.