Дар таркиш шаҳрдори Энергодар маҷруҳ шуд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкОткрытие отделения МРБ банка в Мелитополе
Открытие отделения МРБ банка в Мелитополе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Обуна шудан
Сардори Энергодар Шевчик баъди таркиш, ки дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ рух дод, шадидан ҷароҳат бардошт ва ҳоло дар бемористон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сардори маъмурияти шаҳри Энергодари вилояти Запороже Андрей Шевчик бар асари таркиш дар даромадгоҳи хонааш ҷароҳат бардоштааст.
Дар ин бора хадамоти изтирории шаҳр хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрдор феълан дар бахши эҳёгарӣ қарор дорад.

"Инфиҷор рух дод, ки дар натиҷа раиси ҳукумати шаҳр дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ гардид. Ҷузъиёти дигар дар даст нест", - афзуд манбаъ.

Ҳамчунин маълум аст, ки ду посбони раиси шаҳр захмӣ шудаанд ё на.
Далелҳо вуҷуд доранд, ки сабаби таркиш таҷҳизоти таркандаи худсохт будааст, ки дар даромадгоҳи хона гузошта шуда буд.
Ба гуфтаи намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ, ба Шевчик борҳо аз ҷониби Украина таҳдидҳо шудааст.
Қаблан артиши Русия бахши Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0