https://sputnik.tj/20220522/sjb-surkhakon-maymun-miyoni-odamon-dar-avj-ast-1048628131.html
СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ аст
СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ аст
Sputnik Тоҷикистон
Олимон ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта пирӯзиро бар ин беморӣ эълон карда буданд, аммо ҳоло аҳамияти ваксина бар зидди он боз афзоиш хоҳад ёфт 22.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-22T15:00+0500
2022-05-22T15:00+0500
2022-05-23T16:20+0500
дар ҷаҳон
сҷб
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044671525_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_ba8812d47b1b45a808f0f6bce5b9a7f8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Теъдоди гирифторони бемории сурхакони маймун дар байни одамон ба 92 нафар расидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дод.То 21 май СҶБ маълумот дорад, ки 92 ҳолати бемории сурхакони маймунро дар лаборатория тасдиқ кардааст. Дар ҳамин ҳол, дар паём таъкид мешавад, ки онҳо дар кишварҳое сабти ном шудаанд, ки қаблан дар он ягон мавриди сироятшавӣ ба он сабт нашуда буд. Дар ҳоли ҳозир коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт боз 28 мавриди эҳтимоли гирифторӣ ба ин бемориро таҳқиқ мекунанд.Ба гуфтаи коршиносон, ҳодисаҳои нави сурхакони маймун аз ҳисоби сафар ба минтақаҳое, ки он ҷо ин маризӣ мавҷуд аст, рабте надорад. Маълумоти СҶБ нишон медиҳад, ки аксари ҳолатҳои сироятёбӣ бо алоқаи ҷинсии мардон алоқаманд аст. Намунаи геноме, ки дар Португалия гирифта шудааст, робитаи зич бо вирусе, ки дар солҳои 2018 ва 2019 аз Нигерия ба Британияи Кабир, Исроил ва Сингапур ворид шудааст.Ин беморӣ чанд ҳафта давом мекунад, аммо метавонад боиси мушкилот гардад. Одамоне, ки бар зидди бемории сурхакони маймун ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин доранд, аммо эмкунии ҳатмӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт. Дар айни замон ҳолатҳои сирояти одамон дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20210525/virusolog-hatar-pandemiya-nav-hatarnok-hushdor-1039730681.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044671525_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_798d0b60e985a1a549cf48e929f30fb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сҷб, тандурустӣ
дар ҷаҳон, сҷб, тандурустӣ
СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ аст
15:00 22.05.2022 (Навсозишуда: 16:20 23.05.2022) Олимон ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта пирӯзиро бар ин беморӣ эълон карда буданд, аммо ҳоло аҳамияти ваксина бар зидди он боз афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Теъдоди гирифторони бемории сурхакони маймун дар байни одамон ба 92 нафар расидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дод.
То 21 май СҶБ маълумот дорад, ки 92 ҳолати бемории сурхакони маймунро дар лаборатория тасдиқ кардааст. Дар ҳамин ҳол, дар паём таъкид мешавад, ки онҳо дар кишварҳое сабти ном шудаанд, ки қаблан дар он ягон мавриди сироятшавӣ ба он сабт нашуда буд.
Дар ҳоли ҳозир коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт боз 28 мавриди эҳтимоли гирифторӣ ба ин бемориро таҳқиқ мекунанд.
"То имрӯз ягон марги марбут ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст", - гуфта мешавад дар изҳороти СҶБ.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳодисаҳои нави сурхакони маймун аз ҳисоби сафар ба минтақаҳое, ки он ҷо ин маризӣ мавҷуд аст, рабте надорад.
Маълумоти СҶБ нишон медиҳад, ки аксари ҳолатҳои сироятёбӣ бо алоқаи ҷинсии мардон алоқаманд аст. Намунаи геноме, ки дар Португалия гирифта шудааст, робитаи зич бо вирусе, ки дар солҳои 2018 ва 2019 аз Нигерия ба Британияи Кабир, Исроил ва Сингапур ворид шудааст.
Ин беморӣ чанд ҳафта давом мекунад, аммо метавонад боиси мушкилот гардад.
Одамоне, ки бар зидди бемории сурхакони маймун ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин доранд, аммо эмкунии ҳатмӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
Дар айни замон ҳолатҳои сирояти одамон дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд.