Даъвати ҷаласаи 10-уми Маҷлиси миллии Тоҷикистон

© Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонРустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Обуна шудан
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи навбатӣ қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагони ҷумҳуриро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷаласаи даҳуми палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро даъват кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, ҷаласаи навбатӣ 30 май дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Манбаъ афзуд, ки аъзои палатаи болоии парлумон тағйирот ба қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ мекунанд.
Аз масоили дигари ҷаласа қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" мебошад, ки бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудаст.
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба заминфурӯшии раисони шаҳру навоҳӣ
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз мавзуъҳои дигари ҷаласа арзёбӣ шуданд. Бар асоси ин тағйирот волидон дар Тоҷикистон қонунан уҳдадор мешаванд, ки бе доштани иҷозатномаи ронандагӣ ба фарзанд идораи нақлиётро иҷоза надиҳанд.
Ҳамчунин волидон муваззаф мегарданд, ки пеши роҳи фарзандеро, ки сари чанбари мошин ба муассисаи таълимӣ рафтанист, гиранд.
Маҷлиси миллӣ дар баробари ин ва дигар қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагон, инчунин пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудии ҷумҳуриро баррасӣ мекунад. Тафсилоти пешниҳоди ҳукумат ироа нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0