https://sputnik.tj/20220522/ahmadzoda-ruz-javonon-sughd-shodbosh-1048629640.html
Аҳмадзода Рӯзи ҷавононро барои сокинони Суғд шодбош гуфт
Аҳмадзода Рӯзи ҷавононро барои сокинони Суғд шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон 23 май таҷлил гардида, дар ин ҷашн чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ дар сатҳи маҳаллу ҷумҳурӣ баргузор мешаванд
2022-05-22T16:12+0500
2022-05-22T16:12+0500
2022-05-23T17:58+0500
дар тоҷикистон
суғд
ҷавонон
шодбош
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/73/1031517343_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_2a452c7e701a126aec5c61f1e3f90f6a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд, сокинони вилоятро бо Рӯзи ҷавонон шодбош гуфта, таъкид намуд, ки ин бахш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода ба сифати далели ғамхориҳои ҳукумат баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз, қабули қарору қонунҳо, аз ҷумла таъсиси стипендия ва квотаҳои президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои ҳукуматиро зикр намудаст. Вай афзуд, ки ҳамчунин Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаст. Раиси Суғд гуфт, аз масъалаҳои мубраме, ки ҳама бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият ба он муносибат кунанд, тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мебошад. "Ҷавонони мо бояд дар чунин руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки ватанамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву имонӣ ва шарафи бузург донанд", - зарур хонд Аҳмадзода.Вай ҳамчунин барои ташаббускории созандаи ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои давлат дар замони Истиқлол изҳори умедворӣ намуд. "Боварии комил дорам, ки Шумо ҷавонон аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед", - афзуд раиси Суғд. Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Таҷлили ин Рӯзро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 зимни як ҳамоиши фарҳангӣ дар Кохи Борбади Душанбе пешниҳод намуда, он ба ҳукми анъана даромад.
https://sputnik.tj/20220510/viloyati-sughd-ruzi-javonon-tajlil-1048338174.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/73/1031517343_8:0:1829:1366_1920x0_80_0_0_85a37c03bc287e2766158c52ec93f3df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, шодбошӣ, ҷавонон, аҳмадзода, рӯзи ҷавонон
паём, шодбошӣ, ҷавонон, аҳмадзода, рӯзи ҷавонон
Аҳмадзода Рӯзи ҷавононро барои сокинони Суғд шодбош гуфт
16:12 22.05.2022 (Навсозишуда: 17:58 23.05.2022) Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон 23 май таҷлил гардида, дар ин ҷашн чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ дар сатҳи маҳаллу ҷумҳурӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд, сокинони вилоятро бо Рӯзи ҷавонон шодбош гуфта, таъкид намуд, ки ин бахш яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода ба сифати далели ғамхориҳои ҳукумат баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз, қабули қарору қонунҳо, аз ҷумла таъсиси стипендия ва квотаҳои президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои ҳукуматиро зикр намудаст.
Вай афзуд, ки ҳамчунин Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаст.
Раиси Суғд гуфт, аз масъалаҳои мубраме, ки ҳама бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият ба он муносибат кунанд, тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мебошад.
"Ҷавонони мо бояд дар чунин руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки ватанамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву имонӣ ва шарафи бузург донанд", - зарур хонд Аҳмадзода.
Вай ҳамчунин барои ташаббускории созандаи ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои давлат дар замони Истиқлол изҳори умедворӣ намуд.
"Боварии комил дорам, ки Шумо ҷавонон аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед", - афзуд раиси Суғд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Таҷлили ин Рӯзро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 зимни як ҳамоиши фарҳангӣ дар Кохи Борбади Душанбе пешниҳод намуда, он ба ҳукми анъана даромад.