Зеленский шумори сарбозон дар артиши Украинаро ифшо кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЕжегодное послание президента Украины В. Зеленского к Верховной раде
Ежегодное послание президента Украины В. Зеленского к Верховной раде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина маълумоти махфиеро ифшо карда гуфт, дар ҳоли ҳозир шумори сарбозон дар артиши Украина 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Владимир Зеленский дар суҳбати ахири худ гуфтааст, ки шумораи нирӯҳои Украина 700 ҳазор нафаррро ташкил медиҳад.
"Ба мо артиши 250-ҳазорнафарӣ ё 260-ҳазорнафарӣ, ки дар он 120 ҳазор нафараш тавоноии ҷангӣ доранд, лозим нест. Дар аввали соли 2022 ман фармонеро имзо кардам... пул дорем, не, ба мо 100 ҳазор нафар лозим аст. Аммо ҳатто ин 100 ҳазор нафар онҳоро боздошта натавонистанд. ...Имрӯз артиш 700 ҳазор нафар аст. Дар ин ҷо шумо натиҷаи кори 700 ҳазрнафариро мебинед, ки меҷанганд...”, - гуфт Зеленский зимни мусоҳиба дар шабакаи “Украина 24”.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Министр иностранных дел России Сергей Лавров выступает с лекцией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи тӯл додани низоъ ва музокирот бо Украина
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.
Лентаи хабарҳо
0