Коршинос омилеро ном бурд, ки боиси нооромиҳо дар ВМКБ шуд

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Коршинос гуфт, чаро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба майдони нооромиҳо табдил ёфт. Ӯ аз такрор шудани авзоъ тайи 10 соли охир гуфт ва як омилашро ном бурд
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи муҳим, вале ғайриоддии кишвар аст, мегӯяд коршинос, номзади фанҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии тадқиқоти илмии Саратов ба номи Н. Чернишевский Евгений Коренев.
"Бо назардошти ҳаводиси ҷанги хунини шаҳрвандӣ, мо дар ёд дорем, ки он чӣ гуна анҷом ёфт - замоне, ки як қисми нерӯҳо ба ин минтақа, ба манотиқи душворгузари кӯҳистонӣ ақибнишинӣ карданд", — гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вай таъкид кард, ки дар ҳудуди ВМКБ тайи даҳ соли ахир чанд маротиба авҷ гирифтани шиддат ба қайд гирифта шудааст.
Коренев гуфт, дар ин минтака душворихои иктисодй — бекорӣ вуҷуд дорад, ки боиси шиддати иловагй мегарданд.
Коршинос бар ин аст, ки бо дарки вазъи душвори ВМКБ мақомоти Тоҷикистон ба ин минтақа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд.
Коренев: не исключено, что это провокация со стороны Запада! - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Коршинос созмондиҳандаи эҳтимолии ошӯб дар ВМКБ-ро ном бурд: видео
Коренев гуфт, аз тарафи дигар, Афғонистон. Ноамнӣ метавонад аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон гузарад. Имкониятҳои ҷуғрофии ВМКБ дар дасти ифротгароён бозӣ мекунанд, мегӯяд коршинос.
"Шароит имкон медиҳад, ки дар минтақа бехабар ҳаракат кунанд, махфӣ ва анборҳои аслиҳа эҷод кунанд. Барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кардани ин ҷангҷӯён мушкил аст", - хулоса кард Коренев.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуд.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекардаанд.
ВКД "муттаҳамон"-и ноамниҳо дар Рӯшонро ном ба ном зикр кард
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифода аз гранатамёти РПГ 7В, пулемёти "Калашников", автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳад.
Илова бар ин, тибқи маълумоти вазорат, ин гурӯҳ бояд бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳамла қарор медод.
Генерал Аламшозода: Вазъият дар Рӯшон ором аст
Вазорат дар изҳороташ таъйид намуд, ки рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудаанд.
Дар хабари вазорат теъдоди кушташудагон аз ҷониби ғайринизомиҳо ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мешавад, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
Лентаи хабарҳо
0