Ҳамдуллоҳ Муҳиб аз мардуми Афғонистон узрхоҳӣ кард

© AFP 2023 / Bulent KilicПродавец гранатов на рынке в Кабуле
Продавец гранатов на рынке в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Мушовири амнияти миллии ҳукумати пешини Афғонистон, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебарад, барои нахустин бор аз нақшаш дар суқути ҳукумати қаблӣ узрхоҳӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ҳамдуллоҳ Муҳиб, дар воқеъ, бори дигар фирори худ ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистонро аз Кобулро тавҷеҳ кард.
Вай гуфт, ба далели ҷилавгирӣ аз "ҷанги кӯча ба кӯча" чорае ҷуз тарки Афғонистон надоштанд.
Ашраф Ғанӣ бо фирор аз Афғонистон муодилаи интиқоли қудрат бо толибонро барҳам зад.
Гуфта мешавад, ки қарор буда, қабл аз суқути Кобул (15 август) Ашраф Ғанӣ бо ҳузури мақомоти баландпоя ба Қатар бираванд ва бо раҳбарони толибон дар хусуси интиқоли қудрат ба тавофуқи ниҳоӣ барисанд.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Рӯзномаи “Сабоҳ”: Афғонистон ба самти як ҷанги дохилии бузург меравад
Бояд гуфт, узрхоҳии мушовири амнияти миллии давлати пешини Афғонистон аз мардуми ин кишвар дар ҳоле аст, ки бисёре аз шаҳрвандону низомиёни пешин мегӯянд, ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар натиҷаи муомила сурат гирифтааст ва мақомоти ҳукумати пешин қудратро вогузор кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи августи соли гузашта, баъд аз эълони Амрико дар бораи тарки Афғонистон кардани нерӯҳои ин кишвар ҷангҷӯёни толибон ҳамлаҳоро болои нерӯҳои давлатӣ афзоиш доданд ва 15 август бидуни муқовимат аз сӯйи нерӯҳои давлатӣ вориди шаҳри Кобул шуданд.
Толибон баъд расидан ба сари қудрат дар бораи ҳукумати муваққат ва афви умумӣ эълон карданд.
Лентаи хабарҳо
0