https://sputnik.tj/20220521/duzdii-mablaghi-hanguft-az-bankomat-dar-viloyati-sughd-1048617599.html
Дуздии маблағи ҳангуфт аз банкомат дар вилояти Суғд
Дуздии маблағи ҳангуфт аз банкомат дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани ҷавоне ба иттиҳоми дуздии маблағи ҳангуфт аз банкомат хабар медиҳад 21.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-21T15:46+0500
2022-05-21T15:46+0500
2022-05-23T18:58+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
дар тоҷикистон
дуздӣ
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044693756_0:474:1010:1042_1920x0_80_0_0_83ce727209a7c71e71094b21f91b8ac4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Сокини 30-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба иттиҳоми дуздии маблағи бузург аз банкомат боздошт шуд.Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҷавон дар паи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.Гуфта мешавад, ки номбурда, шаби 18-уми май, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ноҳияи мазкур бо роҳи шикастани терминали маблағгузорӣ 56 ҳазору 725 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Вазорати корҳои доихлӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон сатҳи кушодашавии ҷиноятҳои содиршуда тайи як соли охир 80,4 дарсадро ташкил додааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ камтар мебошад. Соли пешин сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 83%-ро ташкил дод.Ба иттилои додситон, соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 ҳазору 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 2,8 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 80,4 фоизро ташкил медиҳад. Соли пеш теъдоди ҷиноятҳо 23,4 ҳазор арзёбӣ шуда буд.Сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 337, ВМКБ 155, вилояти Хатлон 96, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 148, Турсунзода 85, Ҳисор 81 ва Рӯдакӣ 62 маврид афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220414/duzdi-istirohatgoh-kudakona-romit-vkd-bozdosht-1047634216.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044693756_0:379:1010:1137_1920x0_80_0_0_1fb3e9819a55d2bb0970899056782f44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маблағ, банкомат, суғд
Дуздии маблағи ҳангуфт аз банкомат дар вилояти Суғд
15:46 21.05.2022 (Навсозишуда: 18:58 23.05.2022) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани ҷавоне ба иттиҳоми дуздии маблағи ҳангуфт аз банкомат хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Сокини 30-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба иттиҳоми дуздии маблағи бузург аз банкомат боздошт шуд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҷавон дар паи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст.
"Марди 30-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки номбурда, шаби 18-уми май, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ноҳияи мазкур бо роҳи шикастани терминали маблағгузорӣ 56 ҳазору 725 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Вазорати корҳои доихлӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон сатҳи кушодашавии ҷиноятҳои содиршуда тайи як соли охир 80,4 дарсадро ташкил додааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ камтар мебошад. Соли пешин сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 83%-ро ташкил дод.
Ба иттилои додситон, соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 ҳазору 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 2,8 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 80,4 фоизро ташкил медиҳад. Соли пеш теъдоди ҷиноятҳо 23,4 ҳазор арзёбӣ шуда буд.
Сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 337, ВМКБ 155, вилояти Хатлон 96, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 148, Турсунзода 85, Ҳисор 81 ва Рӯдакӣ 62 маврид афзоиш ёфтааст.