https://sputnik.tj/20220521/amriko-silohi-makhfii-rusiyanato-1048615577.html
Амрико силоҳи махфии Русия дар дохили НАТО-ро гуфт
Амрико силоҳи махфии Русия дар дохили НАТО-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз шабакаҳои телевизионии амрикоӣ ахиран эълон кардааст, ки Туркия силоҳи махфии Русия дар дохили Паймони атлантики шимолӣ аст
2022-05-21T13:15+0500
2022-05-21T13:15+0500
2022-05-23T20:01+0500
дар русия
дар ҷаҳон
нато
эрдуғон
туркия
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d52807b87f5ff9538036fb6cf03d6ce4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Шабакаи телевизионии "Fox News" гузориш додааст, ки Туркия бо мавқеъаш дар бораи Украина ва тавсеаи ин паймон "силоҳи махфии" Русия дар НАТО мебошад.Тасмими раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи ҷилавгирӣ аз пайвастани Шветсия ва Финландия ба НАТО, нахустин бор нест, ки зидди Ғарб мебарояд.Пас аз он кудетои номуваффақ даар соли 2016, Эрдуғон талош дошт, ки эътилофро ноором кунад, менависад рӯзноманигор.Аз оғози даргириҳо дар Украина Туркия алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ накардааст. Ҳамзамон, дар соли 2020 худи Вашингтон ба далели харидории мушакҳои системаи С-400-и Русия алайҳи Анкара таҳримот ҷорӣ кард.Ба гуфтаи коршиносон, Эрдуғон аз иттиҳодияҳои ғарбӣ истифода мекунад ва ё бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, вобаста ба он ки дар ҳар маврид кадомаш фоидаовартар аст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони амрикоӣ раҳбари Туркияро “марди Путин дар НАТО” медонанд.Дар гузориш таъкид шудааст, ки Анкара дар ниҳоят ба пазируфтани аъзои нав ба ин паймон розӣ хоҳад шуд, аммо дар ҳоли ҳозир баҳсҳо дар дохили НАТО ба нафъи Владимир Путин ҳастанд.Қаблан раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки Анкара наметавонад аз шомил шудани Шветсия ва Финландия ба НАТО пуштибонӣ кунад, зеро дар ин сурат созмон “ҷойе мешавад, ки дар он намояндагони зиёди террористҳо ҳузур хоҳанд дошт”.Вай ёдовар шуд, ки Анкара аз Стокҳолм ва Ҳелсинки талаб кардааст, ки 33 намояндаи Ҳизби кории Курдистон истирдоди шаванд, аммо аз ҷониби ин кишварҳо рад карда шуд.
https://sputnik.tj/20220520/hushdori-lazeri-rusiya-ima-nato-1048594917.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048029748_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d089f1bd3f1327706522e5e4c935d45d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, нато, амрико, силоҳ, махфӣ, туркия, эрдуғон
русия, нато, амрико, силоҳ, махфӣ, туркия, эрдуғон
Амрико силоҳи махфии Русия дар дохили НАТО-ро гуфт
13:15 21.05.2022 (Навсозишуда: 20:01 23.05.2022) Яке аз шабакаҳои телевизионии амрикоӣ ахиран эълон кардааст, ки Туркия силоҳи махфии Русия дар дохили Паймони Атлантики Шимолӣ аст
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Шабакаи телевизионии "Fox News" гузориш додааст, ки Туркия бо мавқеъаш дар бораи Украина ва тавсеаи ин паймон "силоҳи махфии" Русия дар НАТО мебошад.
Тасмими раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи ҷилавгирӣ аз пайвастани Шветсия ва Финландия ба НАТО, нахустин бор нест, ки зидди Ғарб мебарояд.
Пас аз он кудетои номуваффақ даар соли 2016, Эрдуғон талош дошт, ки эътилофро ноором кунад, менависад рӯзноманигор.
Аз оғози даргириҳо дар Украина Туркия алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ накардааст. Ҳамзамон, дар соли 2020 худи Вашингтон ба далели харидории мушакҳои системаи С-400-и Русия алайҳи Анкара таҳримот ҷорӣ кард.
Ба гуфтаи коршиносон, Эрдуғон аз иттиҳодияҳои ғарбӣ истифода мекунад ва ё бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, вобаста ба он ки дар ҳар маврид кадомаш фоидаовартар аст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони амрикоӣ раҳбари Туркияро “марди Путин дар НАТО” медонанд.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки Анкара дар ниҳоят ба пазируфтани аъзои нав ба ин паймон розӣ хоҳад шуд, аммо дар ҳоли ҳозир баҳсҳо дар дохили НАТО ба нафъи Владимир Путин ҳастанд.
Қаблан раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки Анкара наметавонад аз шомил шудани Шветсия ва Финландия ба НАТО пуштибонӣ кунад, зеро дар ин сурат созмон “ҷойе мешавад, ки дар он намояндагони зиёди террористҳо ҳузур хоҳанд дошт”.
Вай ёдовар шуд, ки Анкара аз Стокҳолм ва Ҳелсинки талаб кардааст, ки 33 намояндаи Ҳизби кории Курдистон истирдоди шаванд, аммо аз ҷониби ин кишварҳо рад карда шуд.