https://sputnik.tj/20220520/kamtar-rubl-kohish-qurb-dollar-maskav-1048594219.html
Камтар аз 60 рубл: коҳиши қурби доллар дар биржаи Маскав
Камтар аз 60 рубл: коҳиши қурби доллар дар биржаи Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори пойтахти Русия аз ҳадди 60 рубл поин рафт, ки камтарин нишондод дар давоми чаҳор соли охир мебошад
2022-05-20T14:45+0500
2022-05-20T14:45+0500
2022-05-20T17:43+0500
дар русия
иқтисод
молия
қурб
рубл
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/89/1031528920_0:17:3072:1745_1920x0_80_0_0_94b96ea403eae2d6c824e66ec2287df7.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Савдои асъор дар биржаи Маскав бо поинравии навбатии қурби доллари амрикоӣ ва евро анҷомид, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба нишондодҳои биржаи пойтахти Русия. Ба иттилои манбаъ, қурби асъори амрикоӣ ба ҳисоби фардо то 57,85 рубл расид, ки бори аввал чунин нишондоди паст аз моҳи апрели соли 2018 то ҳол сабт мешавад. Евро дар сатҳи 59,97 рубл додугирифт мешавад, ки баробари қурби асъори аврупоӣ дар соли 2017 мебошад. Таҳлилгарон мегӯянд, барои ташаккули чунин нишондодҳо омилҳои гуногун таъсир доранд. Аз ҷумла омодагии ширкатҳо барои пардохтҳои андозӣ, ки 25 - 27 май дар назар аст, талабот ба долларро коҳиш дод. Инчунин тавони қавии пардохтпазирии Русия дар ин раванд нақш дорад. Аз омилҳои дигар маҳдудиятҳои Бонки марказии Русия барои ҳаракати пул дар шароити таҳримҳо арзёбӣ мешавад. Устуворшавии пули Русия дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба нишондоди он таваҷҷуҳ зиёд зоҳир карда мешавад. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд, ки бо рубли русӣ маош мегиранд.
https://sputnik.tj/20220513/tojikiston-pul-furush-tilo-1048425558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/89/1031528920_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3b0d94d3ba8a44b33fd6f9a34b93d404.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, қурб, доллар, биржа, маскав
коҳиш, қурб, доллар, биржа, маскав
Камтар аз 60 рубл: коҳиши қурби доллар дар биржаи Маскав
14:45 20.05.2022 (Навсозишуда: 17:43 20.05.2022) Қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори пойтахти Русия аз ҳадди 60 рубл поин рафт, ки камтарин нишондод дар давоми чаҳор соли охир мебошад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Савдои асъор дар биржаи Маскав бо поинравии навбатии қурби доллари амрикоӣ ва евро анҷомид, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба нишондодҳои биржаи пойтахти Русия.
Ба иттилои манбаъ, қурби асъори амрикоӣ ба ҳисоби фардо то 57,85 рубл расид, ки бори аввал чунин нишондоди паст аз моҳи апрели соли 2018 то ҳол сабт мешавад.
Евро дар сатҳи 59,97 рубл додугирифт мешавад, ки баробари қурби асъори аврупоӣ дар соли 2017 мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, барои ташаккули чунин нишондодҳо омилҳои гуногун таъсир доранд. Аз ҷумла омодагии ширкатҳо барои пардохтҳои андозӣ, ки 25 - 27 май дар назар аст, талабот ба долларро коҳиш дод. Инчунин тавони қавии пардохтпазирии Русия дар ин раванд нақш дорад.
Аз омилҳои дигар маҳдудиятҳои Бонки марказии Русия барои ҳаракати пул дар шароити таҳримҳо арзёбӣ мешавад.
Устуворшавии пули Русия дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба нишондоди он таваҷҷуҳ зиёд зоҳир карда мешавад. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд, ки бо рубли русӣ маош мегиранд.