"Номи нек ва асарҳояш абадӣ мемонанд": ҳамдардии Раҳмон ба пайвандони Меҳмон Бахтӣ

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон ба аҳли пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод. То ҳол иллати марги нависандаи номӣ эълон нашудааст.
Меҳмон Бахтӣ барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, ҳамчунин замоне раисии Иттифоқи нависандагонро бар дӯш дошт.
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори таслият кардааст.
Ученый-богослов Ходжи Исмоил Пирмухаммадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик
Дар номаи ҳамдардии президент омадааст, ки "Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хидматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият" кардааст.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки Меҳмон Бахтӣ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.
"Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд", - омадааст дар номаи ҳамдардии роҳбари давлат
Меҳмон Бахтӣ дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав низ таҳсил кардааст.
Рустам Набиев, писари собиқ президенти Тоҷикистон даргузашт
Меҳмон Бахтӣ муаллифи қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Пирамард", "Се соати даҳшатбор" ва маҷмуаи намоишномаҳои "Лаҳзаи ҷовид", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин", китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои "Руҳи тавоно", маҷмуаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", маҷмуаи "Пйесаҳо", гулчини қиссаву намоишномаҳои "Манзари қисмат", достони "Бозтоби Офтоб", маҷмуаи "Қиссаҳо" (бо забони русӣ) ва "Оҳанги хаёл" мебошад.
Меҳмон Бахтӣ ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрат дорад.
Марҳум аз соли 2004 то соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1995-2000 вакили парлумон ва солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0