ФФТ гуфт, чаро Эргашев тими олимпиро муваққатан тамрин намедиҳад

© Официальная страница М. Эргашева в FacebookМубин Эргашев. Архивное фото
Мубин Эргашев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мушкили саломатии сармураббии тими олимпии ҷумҳурӣ - "U-23" хабар дода афзуд, ки муваққатан ӯро мураббии дигар иваз мекунад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Мубин Эргашев, сармураббии тими миллии олимпии Тоҷикистон дар риштаи футбол - "U-23" барои табобат дар Эрон қарор дорад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ба ҷойи Эргашев тими олимпии кишварро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2022 сармураббии дастаи "Хатлон"-и Бохтар, Аслиддин Ҳабибуллоев тамрин медиҳад.
Ба ситоди мураббиёни иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими олимпӣ ҳамчунин Раҳматулло Файзуллоев, Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббӣ - таҳлилгар Фаррух Марофиев ворид гардидаанд.
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Омодагии мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба ҶО-2022
Ҷамъомади таълимиву тамринӣ таҳти роҳбарии Ҳабибуллоев аз 20 то 28 май баргузор шуда, ӯ 23 бозигарро ба ин давраи омӯзишӣ даъват кардааст. Дар миёни даъватшудаҳо, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар мебошанд.

Дар назар аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби олимпии Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом диҳад, аммо ҳарифони он ҳанӯз мушаххас нашудаанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Бозии тими Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ дар 3 июн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар 6 июн ва Ҷопон дар 9 июн баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0