https://sputnik.tj/20220520/durbin-nazorat-tartib-ijozatnoma-muhojiron-1048585501.html
Зери дурбини назоратӣ. Тартиби нави гирифтани иҷозатномаи иқомат барои муҳоҷирон
Зери дурбини назоратӣ. Тартиби нави гирифтани иҷозатномаи иқомат барои муҳоҷирон
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки дар баробари бархе ихтисорот дар имтиҳонсупории муҳоҷирон дар Русия, навгониҳои ҷадиди техникӣ ворид карда шаванд
2022-05-20T11:40+0500
2022-05-20T11:40+0500
2024-01-27T15:02+0500
дар русия
муҳоҷират
имтиҳон
қонун
иҷозат
иқомат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061216615_0:240:2790:1809_1920x0_80_0_0_9a63a284389cc3ed62d1e8ae91525ba0.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Супоридани имтиҳони забони русӣ барои гирифтани иҷозатномаи иқомат дар Русия бо тартиби нав сурат мегирад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия хабар дода, афзуд, ки санҷишҳо минбаъд зери дурбини назоратӣ сурат мегиранд. "Вазорат бастаи тағйирот дар имтиҳонотро пешниҳод мекунад. Аз ҷумла имтиҳони шифоҳӣ зери дурбини назоратӣ бо сабти раванди он сурат мегирад", - омадааст дар иттилоия. Ташаббускорон мегӯянд, ин иқдом имкон медиҳад, ки қабули имтиҳонот шаффоф сурат бигирад. Инчунин Вазорати маориф ва илми Русия тарҳеро пешниҳод кардааст, ки шумораи имтиҳоноти ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид кам гарданд.Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда дар қарори ҳукумат дар бораи тасдиқи талаботи ҳадди ақали дониш барои супоридани имтиҳоноти забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунии Русия, интизор меравад, қисмати хаттӣ лағв гардад.Таъкид шудааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид метавонанд имтиҳони хаттии забони русӣ ва инчунин таъриху асосҳои ҳуқуқи Русияро насупоранд. Ягона банди ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бераводид имтиҳони шифоҳии забони русӣ хоҳад буд.Бидуни раводид ба Русия шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик, аз ҷумла Тоҷикистон метавонанд ворид шаванд. Инчунин шаҳрвандони бархе кишварҳо, аз қабили Куба, Ҳондурас, ИМА, Андора ва Колумбия метавонанд ба муҳлати аз 14 то 90 рӯз бе раводид вориди Русия шаванд.
https://sputnik.tj/20220507/rusiya-patent-muhojiron-sodata-1048282001.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061216615_30:0:2761:2048_1920x0_80_0_0_ec1e6ac68509cfa32486bf622b672f60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тартиб, нав, имтиҳонот, муҳоҷирон, русия
тартиб, нав, имтиҳонот, муҳоҷирон, русия
Зери дурбини назоратӣ. Тартиби нави гирифтани иҷозатномаи иқомат барои муҳоҷирон
11:40 20.05.2022 (Навсозишуда: 15:02 27.01.2024) Интизор меравад, ки дар баробари бархе ихтисорот дар имтиҳонсупории муҳоҷирон дар Русия навгониҳои ҷадиди техникӣ ворид карда шаванд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Супоридани имтиҳони забони русӣ барои гирифтани иҷозатномаи иқомат дар Русия бо тартиби нав сурат мегирад.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия хабар дода, афзуд, ки санҷишҳо минбаъд зери дурбини назоратӣ сурат мегиранд.
"Вазорат бастаи тағйирот дар имтиҳонотро пешниҳод мекунад. Аз ҷумла имтиҳони шифоҳӣ зери дурбини назоратӣ бо сабти раванди он сурат мегирад", - омадааст дар иттилоия.
Ташаббускорон мегӯянд, ин иқдом имкон медиҳад, ки қабули имтиҳонот шаффоф сурат бигирад.
Инчунин Вазорати маориф ва илми Русия тарҳеро пешниҳод кардааст, ки шумораи имтиҳоноти ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид кам гарданд.
Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда дар қарори ҳукумат дар бораи тасдиқи талаботи ҳадди ақали дониш барои супоридани имтиҳоноти забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунии Русия, интизор меравад, қисмати хаттӣ лағв гардад.
Таъкид шудааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид метавонанд имтиҳони хаттии забони русӣ ва инчунин таъриху асосҳои ҳуқуқи Русияро насупоранд. Ягона банди ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бераводид имтиҳони шифоҳии забони русӣ хоҳад буд.
Бидуни раводид ба Русия шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик, аз ҷумла Тоҷикистон метавонанд ворид шаванд. Инчунин шаҳрвандони бархе кишварҳо, аз қабили Куба, Ҳондурас, ИМА, Андора ва Колумбия метавонанд ба муҳлати аз 14 то 90 рӯз бе раводид вориди Русия шаванд.