https://sputnik.tj/20220520/barrasi-hamkori-tojikiston-malayziya-1048584018.html
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Малайзия азм доранд, ки ҷаласаи якуми гуруҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишварро баргузор кунанд, ки интизор меравад, такон дар муносибот гардад
2022-05-20T10:50+0500
2022-05-20T10:50+0500
2022-05-20T12:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
малайзия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_c934c1972a1823afbe9ab495314ebb71.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия Аҳмад Назлан ибни Идрис густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Тибқи иттилоияи расмӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо мавзуи баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзияро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ ба нафъи мутақобила изҳор намуда, ба аҳамияти талошҳои муштарак барои таҳкими ҳамкорӣ дар оянда таъкид доштанд.Қаблан гуфта мешуд, ки меваҳои вилояти Суғд ҳамакнун ба Малайзия содир мешаванд.Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод ва изҳор дошт, ки чанде қабл мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири ҶДММ "Баракат-Исфара" Борис Игнатенко, директори генералии ин ширкат Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт ва масъалаи содироти меваҷот аз вилояти Суғд ба Малайзия баррасӣ гардид.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ахиран дар паёмаш ба шоҳи Малайзия Абдулло Султон Аҳмад ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ҳавасмандияшро барои таҳкими ҳамкорӣ баён дошт. "Мо омодаем, ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ идома диҳем", — омадааст дар хабар.Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ин ба манофеи мардуми ду кишвар хидмат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220312/rahmon-shoh-malayziya-noma-1046742739.html
малайзия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_665d0fd32343aec80cda204a8b41a7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, малайзия, таҳким, ҳамкорӣ
тоҷикистон, малайзия, таҳким, ҳамкорӣ
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия
10:50 20.05.2022 (Навсозишуда: 12:40 20.05.2022) Тоҷикистону Малайзия азм доранд, ки ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишварро баргузор кунанд, ки интизор меравад, таконе дар муносибот гардад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия Аҳмад Назлан ибни Идрис густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилоияи расмӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо мавзуи баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзияро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ ба нафъи мутақобила изҳор намуда, ба аҳамияти талошҳои муштарак барои таҳкими ҳамкорӣ дар оянда таъкид доштанд.
Қаблан гуфта мешуд, ки меваҳои вилояти Суғд ҳамакнун ба Малайзия содир мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод ва изҳор дошт, ки чанде қабл мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири ҶДММ "Баракат-Исфара" Борис Игнатенко, директори генералии ин ширкат Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт ва масъалаи содироти меваҷот аз вилояти Суғд ба Малайзия баррасӣ гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ахиран дар паёмаш ба шоҳи Малайзия Абдулло Султон Аҳмад ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ҳавасмандияшро барои таҳкими ҳамкорӣ баён дошт.
"Мо омодаем, ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ идома диҳем", — омадааст дар хабар.
Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ин ба манофеи мардуми ду кишвар хидмат хоҳад кард.