https://sputnik.tj/20220520/barkhurd-margbor-motosikl-panj-1048590734.html
Бархӯрди маргбори мототсиклҳо дар Панҷ ду кушта бар ҷой гузошт
Бархӯрди маргбори мототсиклҳо дар Панҷ ду кушта бар ҷой гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Додисаи нохуш дар Панҷ поси шаб рух додааст. Вазорат мегӯяд, як мотосиклсавор ба самти муқобили роҳ баромад, ки дар натиҷа ин ҳодиса сар зад
2022-05-20T13:00+0500
2022-05-20T13:00+0500
2022-05-20T14:52+0500
дар тоҷикистон
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
панҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102341/90/1023419079_0:96:1921:1176_1920x0_80_0_0_3c0567abd80610e8cae45cf267fa98ea.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Панҷ дар пайи як садама ҷон доданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш нисфи шаб дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд сар задааст.Гуфта мешавад, мототсиклсавори 33-солае, ки сокини ҳамин ноҳия мебошад, дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, дар самти муқобили роҳ ҳаракат кардааст.Дар натиҷа ӯ ба мототсикли дигар, ки таҳти идораи як сокини 33-солаи ин ноҳия будааст, бархӯрдааст.ВУД меафзояд, пас аз бархӯрди мототсиклҳо ронандаи дуввум бо мусофири 36 - солаи худ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.Зикр гардид, ки ҳалокшудаҳо ҳар ду сокинони ноҳияи Панҷ мебошанд.Мотосиклроне, ки боиси сар задани ин садама гардид, низ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, феълан дар бемористон бистарӣ аст.Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20220514/rusiya-taksironho-qirghiz-sadama-tojikon-duum-1048451894.html
панҷ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102341/90/1023419079_112:0:1807:1271_1920x0_80_0_0_52c4519ac481540e8089b656110d873a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷ садама мотосикл
Бархӯрди маргбори мототсиклҳо дар Панҷ ду кушта бар ҷой гузошт
13:00 20.05.2022 (Навсозишуда: 14:52 20.05.2022) Ҳодисаи нохуш дар Панҷ поси шаб рух додааст. Вазорат мегӯяд, як мотосиклсавор ба самти муқобили роҳ баромад, ки дар натиҷа ин ҳодиса сар зад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Панҷ дар пайи як садама ҷон доданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш нисфи шаб дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд сар задааст.
Гуфта мешавад, мототсиклсавори 33-солае, ки сокини ҳамин ноҳия мебошад, дар ҳудуди деҳаи Деҳбаланд аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, дар самти муқобили роҳ ҳаракат кардааст.
Дар натиҷа ӯ ба мототсикли дигар, ки таҳти идораи як сокини 33-солаи ин ноҳия будааст, бархӯрдааст.
ВУД меафзояд, пас аз бархӯрди мототсиклҳо ронандаи дуввум бо мусофири 36 - солаи худ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Зикр гардид, ки ҳалокшудаҳо ҳар ду сокинони ноҳияи Панҷ мебошанд.
Мотосиклроне, ки боиси сар задани ин садама гардид, низ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, феълан дар бемористон бистарӣ аст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.