https://sputnik.tj/20220519/uzbekiston-tajriba-tojikiston-piyoda-kard-1048557958.html
Ӯзбекистон таҷрибаи Тоҷикистонро пиёда кард
Ӯзбекистон таҷрибаи Тоҷикистонро пиёда кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 баргузории "Занги охир"- ро дар макотиб манъ карда буд. Ҳамакнун Ӯзбекистон низ ин ба дунболи Тоҷикистон маҳдудиятҳо ҷорӣ кард
2022-05-19T11:52+0500
2022-05-19T11:52+0500
2022-05-19T19:16+0500
ӯзбекистон
маориф
занги камолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101527/24/1015272449_0:56:1600:956_1920x0_80_0_0_c57d490ad034eb4cad08c5c1700ff32d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон қоидаҳои нави гузаронидани "Занги камолот" ҷорӣ шуд. Ин кишвар ба мисли Тоҷикистон доир кардани ин чорабиниро маҳдуд намуд.Ба иттилои Вазорати маориф, ин ниҳод дар тамоми макотиби Ӯзбекистон қоидаҳои нави баргузор кардани чорабинии хайрбодӣ барои хатмкунандагонро пиёда намудааст.Бар тибқи қоидаҳои нав, ҷамъоварии маблағ аз волидон, тақдими туҳфаҳои арзишманд ва зиёфат дар тарабхонаву қаҳвахона қатъиян манъ карда шуд.Гуфта мешавад, "Занги камолот" дар тамоми мактабҳои Ӯзбекистон 25 май танҳо дар саҳни мактаб бидуни ҳузури меҳмонон ҳамагӣ 45 дақиқа сурат мегирад. "Ба беҳтарин хатмкунандагон сипоснома тақдим мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.Бояд гуфт, ҳамаи ин маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2016 ҷориянд. Омили асосии манъ кардани "Занги камолот" ва "Иди Алифбо" -ро дар кишвар ба ҷилавгирӣ кардан аз амалҳои коррупсионӣ рабт дода буданд.Ба ҳамин хотир дар макотиби Тоҷикистон ба ҷойи ин чорабинӣ мувофиқи ҷадвали корӣ хонандагон ба дарсҳо фаро гирифта мешуданд.Инчунин дар соли 2010 дар мактабҳои Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳию баҳориро низ манъ карда буданд, дар ҳоле муҳлати таътили зимистонаро дароз карданд. Сабаби ин норасоии қувваи барқ дар фасли сармо буд.Аммо тирамоҳи соли 2018 таътилҳои тирамоҳию баҳориро барқарор намуданд.
https://sputnik.tj/20220501/uhdadori-qonuni-volidon-tojikiston-parlumon-1048124293.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101527/24/1015272449_123:0:1600:1108_1920x0_80_0_0_ef52169dddb88388eeaa406ba3026634.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон тоҷикистон занги камолот
ӯзбекистон тоҷикистон занги камолот
Ӯзбекистон таҷрибаи Тоҷикистонро пиёда кард
11:52 19.05.2022 (Навсозишуда: 19:16 19.05.2022) Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 баргузории "Занги охир"-ро дар макотиб манъ карда буд. Ҳамакнун Ӯзбекистон низ ин ба дунболи Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон қоидаҳои нави гузаронидани "Занги камолот" ҷорӣ шуд. Ин кишвар ба мисли Тоҷикистон доир кардани ин чорабиниро маҳдуд намуд.
Ба иттилои Вазорати маориф, ин ниҳод дар тамоми макотиби Ӯзбекистон қоидаҳои нави баргузор кардани чорабинии хайрбодӣ барои хатмкунандагонро пиёда намудааст.
Бар тибқи қоидаҳои нав, ҷамъоварии маблағ аз волидон, тақдими туҳфаҳои арзишманд ва зиёфат дар тарабхонаву қаҳвахона қатъиян манъ карда шуд.
Гуфта мешавад, "Занги камолот" дар тамоми мактабҳои Ӯзбекистон 25 май танҳо дар саҳни мактаб бидуни ҳузури меҳмонон ҳамагӣ 45 дақиқа сурат мегирад.
"Ба беҳтарин хатмкунандагон сипоснома тақдим мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.
Бояд гуфт, ҳамаи ин маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2016 ҷориянд. Омили асосии манъ кардани "Занги камолот" ва "Иди Алифбо" -ро дар кишвар ба ҷилавгирӣ кардан аз амалҳои коррупсионӣ рабт дода буданд.
Ба ҳамин хотир дар макотиби Тоҷикистон ба ҷойи ин чорабинӣ мувофиқи ҷадвали корӣ хонандагон ба дарсҳо фаро гирифта мешуданд.
Инчунин дар соли 2010 дар мактабҳои Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳию баҳориро низ манъ карда буданд, дар ҳоле муҳлати таътили зимистонаро дароз карданд. Сабаби ин норасоии қувваи барқ дар фасли сармо буд.
Аммо тирамоҳи соли 2018 таътилҳои тирамоҳию баҳориро барқарор намуданд.