https://sputnik.tj/20220519/sodiroti-mahsuloti-kishovarzii-khatlon-khorij-1048572627.html
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба хориҷ коҳиш ёфт
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба хориҷ коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки вилоят ба хориҷ аз кишвар дар ҳаҷми 5349,8 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст
2022-05-19T20:40+0500
2022-05-19T20:40+0500
2022-05-19T20:43+0500
дар тоҷикистон
мақомот
содирот
маҳсулот
кишоварзӣ
хориҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/13/1048572268_0:250:2048:1402_1920x0_80_0_0_1b2b72361281d5add852798aa4ae62e6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон аз коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии мақомоти вилоят.Ба гуфтаи раиси вилоят, то рӯзи 18 май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки нисбати соли гузашта 4271,6 тонна кам аст.Вай гуфт, асосан 2677,3 тонна сабзавот, аз ҷумла 849,2 тонна пиёз, 933,5 тонна сабзӣ, 870 тонна лаблабӯ, 24 карам ва 1871,2 тонна мева: 725,9 тонна олу, 986,9 зардолу, 16,8 тонна шафтолу, 141,6 лимӯ ва 737,3 тонна дигар маҳсулот содир шудааст.Ҳамзамон раиси вилоят ба масъулони идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ барои пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон, таъмини шароит барои рушди парандапарварӣ ва афзоиши саршумори чорво, беҳдошти замин, обёрӣ, истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замини киштбоб, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, назорати бехатарии сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳимояи ҷангалзорҳо дастуру супоришҳои мушаххас додаааст.Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ба даст овардани дастовардҳои беҳтарини истеҳсолӣ тамоми қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро мегузоранд.
https://sputnik.tj/20220510/sodirot-tojikiston-kohish-1048333025.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/13/1048572268_90:0:1959:1402_1920x0_80_0_0_d42f5a395c9fa380ce5f6e8ea228e3f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, содирот, маҳсулоти кишоварзӣ, хориҷ, мақомот
тоҷикистон, хатлон, содирот, маҳсулоти кишоварзӣ, хориҷ, мақомот
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба хориҷ коҳиш ёфт
20:40 19.05.2022 (Навсозишуда: 20:43 19.05.2022) Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки вилоят ба хориҷ аз кишвар дар ҳаҷми 5349,8 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон аз коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии мақомоти вилоят.
Ба гуфтаи раиси вилоят, то рӯзи 18 май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки нисбати соли гузашта 4271,6 тонна кам аст.
Вай гуфт, асосан 2677,3 тонна сабзавот, аз ҷумла 849,2 тонна пиёз, 933,5 тонна сабзӣ, 870 тонна лаблабӯ, 24 карам ва 1871,2 тонна мева: 725,9 тонна олу, 986,9 зардолу, 16,8 тонна шафтолу, 141,6 лимӯ ва 737,3 тонна дигар маҳсулот содир шудааст.
“Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки нақшаи солонаи содироти маҳсулоти кишоварзиро, ки 95 ҳазор тонна аст, бо андешидани тадбирҳои созанда амалӣ намоянд”, - қайд кардааст раиси вилоят.
Ҳамзамон раиси вилоят ба масъулони идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ барои пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон, таъмини шароит барои рушди парандапарварӣ ва афзоиши саршумори чорво, беҳдошти замин, обёрӣ, истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замини киштбоб, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, назорати бехатарии сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳимояи ҷангалзорҳо дастуру супоришҳои мушаххас додаааст.
Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ба даст овардани дастовардҳои беҳтарини истеҳсолӣ тамоми қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро мегузоранд.