https://sputnik.tj/20220519/siloh-tavono-tojikiston-oshkor-1048561312.html
Силоҳи тавонотарини Тоҷикистон ошкор шуд
Силоҳи тавонотарини Тоҷикистон ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон чунин иқтидори ҳарбӣ надоранд, ки аслиҳаи муосири ҷумҳурӣ аз ӯҳдаи ҷилавгирии он набарояд
2022-05-19T13:20+0500
2022-05-19T13:20+0500
2022-05-19T20:29+0500
дар тоҷикистон
артиш
низоми зиддиҳавоӣ
дар русия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103031/65/1030316590_0:284:3072:2012_1920x0_80_0_0_c9b3f09172ed262a8ae01761a8daa879.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Тоҷикистон ҳифзи кишварро пурра таъмин мекунанд. Дар ин бора Николай Ким, атташеи нерӯҳои низомӣ ва ҳавоии сафорати Русия дар ҷумҳурӣ зимни як мизи гирд дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) хабар дод. Чунин андешаро дар бораи системаҳои дифои ҳавоӣ дар асоси хусусиятҳои онҳо метавон баён кард.Ба гуфтаи вай, давлатҳои ҳамсоя чунин иқтидори низомӣ надоранд, ки аслиҳаи ҷумҳурӣ аз уҳдаи ҷилавгирӣ аз зарбаҳои онҳо набарояд. Сухангӯи сафорат гуфт, "ҳоҷат ба нигаронӣ дар бораи фазои ҳавоии кишвар нест". Вай ёдовар шуд, Русия ва Тоҷикистон созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он, ҷумҳурӣ ба низоми минтақавии дифои ҳавоӣ бо аслиҳаи муосир ворид мешавад.Маврид ба зирк аст, ки дар яке аз тамрингоҳҳои мамлакат комплексҳои С-300 мавҷуданд. Сарбозони тоҷик курси пурраи омӯзишро дар Федератсияи Русия хатм карда, метавонанд ин гуна таҷҳизотро идора кунанд. Дар ояндаи наздик С-300 ба нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дода мешавад, гуфт Ким. Ёдовар мешавем, созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъсиси системаи ягонаи дифоъи ҳавоии минтақаӣ моҳи апрели соли 2021 ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20211216/dumoi-rusiya-sozishnomai-nizomi-ziddihavoi-tojikiston-tasvib-1044200621.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103031/65/1030316590_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_9c9d2a5725cc57ab4dc099658af1556d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
силоҳ тавонотарин тоҷикистон ошкор
силоҳ тавонотарин тоҷикистон ошкор
Силоҳи тавонотарини Тоҷикистон ошкор шуд
13:20 19.05.2022 (Навсозишуда: 20:29 19.05.2022) Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон чунин иқтидори ҳарбӣ надоранд, ки аслиҳаи муосири ҷумҳурӣ аз уҳдаи ҷилавгирӣ аз зарбаҳои он набарояд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Тоҷикистон ҳифзи кишварро пурра таъмин мекунанд. Дар ин бора Николай Ким, атташеи нерӯҳои низомӣ ва ҳавоии сафорати Русия дар ҷумҳурӣ зимни як мизи гирд дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) хабар дод.
Чунин андешаро дар бораи системаҳои дифои ҳавоӣ дар асоси хусусиятҳои онҳо метавон баён кард.
"Ҳайати нерӯҳои дифои зиддиҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо системаҳои зиддиҳавоӣ муҷаҳҳаз мавҷуд буда, хусусияти тактикӣ ва техникии онҳо имкон медиҳад, ки фазои кишварро пурра фаро гиранд", - таъкид кард Ким.
Ба гуфтаи вай, давлатҳои ҳамсоя чунин иқтидори низомӣ надоранд, ки аслиҳаи ҷумҳурӣ аз уҳдаи ҷилавгирӣ аз зарбаҳои онҳо набарояд.
Сухангӯи сафорат гуфт, "ҳоҷат ба нигаронӣ дар бораи фазои ҳавоии кишвар нест".
Вай ёдовар шуд, Русия ва Тоҷикистон созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он, ҷумҳурӣ ба низоми минтақавии дифои ҳавоӣ бо аслиҳаи муосир ворид мешавад.
Маврид ба зирк аст, ки дар яке аз тамрингоҳҳои мамлакат комплексҳои С-300 мавҷуданд. Сарбозони тоҷик курси пурраи омӯзишро дар Федератсияи Русия хатм карда, метавонанд ин гуна таҷҳизотро идора кунанд.
Дар ояндаи наздик С-300 ба нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дода мешавад, гуфт Ким.
Ёдовар мешавем, созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъсиси системаи ягонаи дифоъи ҳавоии минтақаӣ моҳи апрели соли 2021 ба имзо расида буд.