https://sputnik.tj/20220519/sabab-khisorot-infijor-nuqta-suzishvori-mastchoh-malum-1048571083.html
Сабаб ва хисороти инфиҷори нуқтаи сӯзишворӣ дар Мастчоҳ маълум шуд
Сабаб ва хисороти инфиҷори нуқтаи сӯзишворӣ дар Мастчоҳ маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти беш аз як ҳафта, мақомоти идораи сӯхторнишонии Суғд, сабаб ва хисороти расида аз инфиҷори нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Мастчоҳро маълум намуданд
2022-05-19T18:20+0500
2022-05-19T18:20+0500
2022-05-19T19:31+0500
дар тоҷикистон
суғд
сӯхтор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048393752_225:510:2775:1944_1920x0_80_0_0_6186164fd4c9e875960590e6df7c9c7e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонӣ маълум намудаанд, ки ин ҳодисаи мудҳиш аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ кардани бензин ба зарфҳои захиравӣ рух додааст. Қаҳрамон Қодирзода, сардори шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми хисороти расида аз ин ҳодисаро гуфт. Ӯ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор як адад мошини тамғаи "Газ-53", ки маводи сӯхт интиқол медод, ҳуҷраи ёрирасон, таҷҳизоти ҳисоббаробаркунӣ, ду адад калонка, ки барои интиқоли сӯзишворӣ ба автомашинаҳо мусоидат мекарданд, пурра нобуд шуда, аз ин ҳисоб 305 ҳазору 160 сомонӣ зарари моддӣ расидааст".Инфиҷор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории мутаалиқ ба ҶДММ “Турааваз”, воқеъ дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шоми 10 май сар зад.Бар асари ин ҳодисаи нохуш панҷ нафар - Абдураҳмон Неъмонзодаи 17-сола, Рустам Наврӯзови 37-сола ва Ворис Мунавварови 19-сола, кормандон ва таҷрибаомӯзони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва инчунин Парвиз Абдурозиқзодаи 27-сола, сокини маҳаллаи Сари Баланди шаҳри Хуҷанд, Ёқубзода Маҳмадюсуфи 28-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, корманди идораи сӯхторнишонӣ осеб дида, ба шифохона интиқол дода шуданд. Аз шифохонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки бо гузашти як ҳафта аз шуруи табобат вазъи саломатии Неъмонзода, Наврӯзов ва Мунавваров, ки қаблан дар шуъбаи эҳё бистарӣ буданд, беҳбуд ёфтааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик рухсат шаванд. Инфиҷори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Мастҷоҳ: як лейтенанту чор сокини мулкӣ осеб дидаандДар вилояти Суғд аз авоили соли ҷорӣ то ба ҳол 121 ҳодисаи оташсӯзӣ сабт гардидааст, ки то 91% ҳодисаҳои сӯхтор дар манзили сокинон рух додаанд.Бар пояи иттилои мақомот, дар умум аз ҳисоби ҳодисаҳои сӯхтор 2, 6 миллион сомонӣ хисороти молӣ расидааст.
https://sputnik.tj/20220511/sharh-tabibon-osebdidaho-sukhtor-mastchoh-1048358587.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048393752_206:310:2522:2047_1920x0_80_0_0_06ab82a357bf0eeda1c8c5f603611b94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
инфиҷор мастчоҳ нуқтаи сӯзишворӣ суғд
инфиҷор мастчоҳ нуқтаи сӯзишворӣ суғд
Сабаб ва хисороти инфиҷори нуқтаи сӯзишворӣ дар Мастчоҳ маълум шуд
18:20 19.05.2022 (Навсозишуда: 19:31 19.05.2022) Бо гузашти беш аз як ҳафта мақомоти идораи сӯхторнишонии Суғд сабаб ва хисороти расида аз инфиҷори нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Мастчоҳро маълум намуданд
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонӣ маълум намудаанд, ки ин ҳодисаи мудҳиш аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ кардани бензин ба зарфҳои захиравӣ рух додааст.
Қаҳрамон Қодирзода, сардори шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми хисороти расида аз ин ҳодисаро гуфт.
Ӯ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор як адад мошини тамғаи "Газ-53", ки маводи сӯхт интиқол медод, ҳуҷраи ёрирасон, таҷҳизоти ҳисоббаробаркунӣ, ду адад калонка, ки барои интиқоли сӯзишворӣ ба автомашинаҳо мусоидат мекарданд, пурра нобуд шуда, аз ин ҳисоб 305 ҳазору 160 сомонӣ зарари моддӣ расидааст".
Инфиҷор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории мутаалиқ ба ҶДММ “Турааваз”, воқеъ дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шоми 10 май сар зад.
Бар асари ин ҳодисаи нохуш панҷ нафар - Абдураҳмон Неъмонзодаи 17-сола, Рустам Наврӯзови 37-сола ва Ворис Мунавварови 19-сола, кормандон ва таҷрибаомӯзони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва инчунин Парвиз Абдурозиқзодаи 27-сола, сокини маҳаллаи Сари Баланди шаҳри Хуҷанд, Ёқубзода Маҳмадюсуфи 28-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, корманди идораи сӯхторнишонӣ осеб дида, ба шифохона интиқол дода шуданд.
Аз шифохонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки бо гузашти як ҳафта аз шуруи табобат вазъи саломатии Неъмонзода, Наврӯзов ва Мунавваров, ки қаблан дар шуъбаи эҳё бистарӣ буданд, беҳбуд ёфтааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик рухсат шаванд.
Дар вилояти Суғд аз авоили соли ҷорӣ то ба ҳол 121 ҳодисаи оташсӯзӣ сабт гардидааст, ки то 91% ҳодисаҳои сӯхтор дар манзили сокинон рух додаанд.
Бар пояи иттилои мақомот, дар умум аз ҳисоби ҳодисаҳои сӯхтор 2, 6 миллион сомонӣ хисороти молӣ расидааст.