https://sputnik.tj/20220519/rosaviatsiya-sharh-tojikiston-furud-havopaymoymo-ijozat-1048569142.html
"Росавиатсия" шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон ба фуруди ҳавопаймояш иҷозат надод
"Росавиатсия" шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон ба фуруди ҳавопаймояш иҷозат надод
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавонавардии Русия ахиран сабаби аз роҳ баргаштани ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии"-ро, ки ба самти Кӯлоб парвоз дошт, шарҳ дод 19.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-19T17:20+0500
2022-05-19T17:20+0500
2022-05-19T19:53+0500
дар русия
дар тоҷикистон
нақлиёт
уралские авиалинии
росавиатсия
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102137/09/1021370923_0:116:3231:1933_1920x0_80_0_0_bfe1833e7bb4270c40b1aa9e67776131.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тоҷикистон парвозҳо аз Русияро манъ накардааст, мегӯяд ширкати ҳавонавардии Русия дар як баёния.Тибқи изҳороти ин ширкат, парвози ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб ба далели фаннӣ танзим шудааст.Ин манбаъ афзуда, ки иҷозаи такрорӣ рӯзи 19 май гирифта шуд ва ҳоло мусофирон сиҳату саломат ба шаҳри Кӯлоб расиданд.Қаблан хабар дода шуд, ки ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 18 май парвоз кард, вале баъди як соати парвоз ба Маскав баргашт.Хабаргузории "Flightradar24" иттилоъ дод, Тоҷикистон ба ҳавопаймои "Airbus A321" иҷозати фуруд надод ва аз ин рӯ ҳавопаймо дар фазои вилояти Пенза аз роҳаш баргашт.Бояд гуфт, моҳи апрели соли ҷорӣ Комиссияи Аврупо 20 ширкати ҳавопаймоии Русия, аз ҷумла "Уралские авиалинии"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.Ин тасмим бо зикри он гирифта шудааст, ки шӯроҳои ширкат ба "стандартҳои байналмилалии бехатарӣ" ҷавобгӯ нестанд.Ҳамчунин маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" то 29 октябр парвозҳо ба Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Ӯзбекистонро қатъ кардааст.
https://sputnik.tj/20220519/tojikiston-ba-furud-omadani-havopaymo-az-rusiya-ijozat-nadod-sabab-1048563042.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102137/09/1021370923_250:0:2981:2048_1920x0_80_0_0_36a5c484b6aeebe318aaf7b84396662e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, дар тоҷикистон, нақлиёт, уралские авиалинии, росавиатсия
дар русия, дар тоҷикистон, нақлиёт, уралские авиалинии, росавиатсия
"Росавиатсия" шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон ба фуруди ҳавопаймояш иҷозат надод
17:20 19.05.2022 (Навсозишуда: 19:53 19.05.2022) Ширкати ҳавонавардии Русия ахиран сабаби аз роҳ баргаштани ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии"-ро, ки ба самти Кӯлоб парвоз дошт, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тоҷикистон парвозҳо аз Русияро манъ накардааст, мегӯяд ширкати ҳавонавардии Русия дар як баёния.
Тибқи изҳороти ин ширкат, парвози ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб ба далели фаннӣ танзим шудааст.
"Ҳангоми анҷоми парвози ширкати "Уралские авиалинии" дар масири Маскав - Кӯлоб рӯзи 18 май дар пешниҳоди нақшаи парвоз камбуди фаннӣ рух дод. Дар ин замина парвоз то нуқтаи таъйиншуда сурат нагирифт", - омадааст дар хабари "Росавиатсия".
Ин манбаъ афзуда, ки иҷозаи такрорӣ рӯзи 19 май гирифта шуд ва ҳоло мусофирон сиҳату саломат ба шаҳри Кӯлоб расиданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" рӯзи 18 май парвоз кард, вале баъди як соати парвоз ба Маскав баргашт.
Хабаргузории "Flightradar24" иттилоъ дод, Тоҷикистон ба ҳавопаймои "Airbus A321" иҷозати фуруд надод ва аз ин рӯ ҳавопаймо дар фазои вилояти Пенза аз роҳаш баргашт.
Бояд гуфт, моҳи апрели соли ҷорӣ Комиссияи Аврупо 20 ширкати ҳавопаймоии Русия, аз ҷумла "Уралские авиалинии"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.
Ин тасмим бо зикри он гирифта шудааст, ки шӯроҳои ширкат ба "стандартҳои байналмилалии бехатарӣ" ҷавобгӯ нестанд.
Ҳамчунин маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" то 29 октябр парвозҳо ба Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Ӯзбекистонро қатъ кардааст.