Зокирзода дар Боку хостори лағви маҳдудиятҳои коронаӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТабличка на здании парламента Республики Таджикистан
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Боку масъалаи барқарор кардани ҳамкориҳо баъди пандемияро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо зикри оқибатҳои пандемия тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ миёни кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро муҳим хонд.
Ӯ ин нуктаро зимни конфронси сеюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви СҲИ, ки бо иштироки роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистон, Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон баргузор шуд, таъкид намуд.
Зокирзода гуфт, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ платформаи муассир баҳри вокуниш ба чолишҳои бавуҷудомада, аз ҷумла рафъи оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратию иқтисодии коронавирус мебошад.
Вай пешниҳоди Тоҷикистонро барои тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳо зикр намуд, ки бояд маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии марбути пандемия бартараф карда шаванд. Ҳамчунин Тоҷикистон хостори лағви монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ дар доираи СҲИ шудаст.
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Мулоқоти роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистону Озарбойҷон
"Муттаҳид сохтани саъю талошҳоро ҷиҳати таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, ки, бешубҳа, ба зиёд намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ менамоем", - гуфт раиси Маҷлиси намояндагон.
Ӯ бо мақсади тавсеа ва таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаҳои молия, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои, аз ҷумла таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои муштаракро зарур шумурд.
Зокирзода гуфт, пандемияи коронавирус алоқамандии мутақобилаи ҷаҳони муосирро возеҳ нишон дода, масъалаи такмили механизмҳои ҳамкории бисёрҷонибаро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид намуд. Дар ин росто муҳим хонда шуд, ки зарфиятҳои СҲИ истифода шавад.
Конфронси сеюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо иштироки сарони парлумонҳои кишварҳои Тоҷикистон, Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0