https://sputnik.tj/20220518/zhirinovskiy-hizbi-liberal-demokrati-rusiya-1048538773.html
Чили Жириновский гузашт: ҳизби либерал-демократии Русия раисашро интихоб мекунад
Чили Жириновский гузашт: ҳизби либерал-демократии Русия раисашро интихоб мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби либерал - демократии Русия роҳбари нави фраксияаш дар Думаи давлатиро интихоб карда, нақша дорад, роҳбари ҳизбро низ таъйин намояд
2022-05-18T16:55+0500
2022-05-18T16:55+0500
2022-05-18T17:34+0500
дар русия
сиёсат
ҳизби либерал демократии русия
раис
интихоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/85/1030798561_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d8cdf13b5ca6c8d68b97c127c80b0d02.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳизби либерал-демократии Русия санаи баргузории интихоботи раиси навашро муайян кард. Ба иттилои манбаъ, ҳизб тайи 40 рӯз аз даргузашти роҳбараш Владимир Жириновский дар аввали моҳи апрели соли равон ҳич масъалаи кадриро баррасӣ накара буд. Бо гузашти ин муҳлат қарор шудааст, ки ҷаласаи Шӯрои олии ҳизбӣ барои интихоби роҳбари нав баргузор шавад, ки 27 майи соли равон дар Маскав дар назар аст.Аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раиси ҳизб вакил Леонид Слутский ва Михаил Дегтярев, волии вилояти Хабаровск гуфта мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Слутский роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ интихоб шуд. Ӯ ба ҳамкоронаш барои изҳори эътимод миннатдорӣ баён кардааст. Леонид Слутский кист?Леонид Эдуардович Слутский 4 январи 1968 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, Донишкадаи дастгоҳҳои Маскавро бо ихтисоси "идораи ташкилот" хатм кардааст. Аз соли 1992 то 1993 мушовири шаҳрдори Маскав Юрий Лужков буд. Панҷ бор ба Думаи давлатӣ интихоб шудааст. Аз 5 октябри соли 2016 роҳбарии Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатиро ба уҳда дорад. Моҳи феврали соли 2017 бархе аз хонумони рӯзноманигор Слутскийро дар дастдарозӣ муттаҳам карданд, аммо ӯ ин иддаоро иғвоангезӣ хонда буд. Аз соли 2014-ум дар феҳрасти таҳримоти ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор дошта, аз соли 2015 мудири кафедраи муносиботи байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироии Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад. Дар баробари ин Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи корҳои илмӣ дар масоили иқтисоди муосир, ҳамгироии авруосиёӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз намояндагони ҳайати Русия дар музокирот бо Украина мебошад.
https://sputnik.tj/20220406/siyosatmador-peshvo-sukhanpardoz-zhirinovskiy-aks-1047415460.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/85/1030798561_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_8c79d825b6ea754f6fce6f0958378b42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис, интихоб, раис, ҳлдр
раис, интихоб, раис, ҳлдр
Чили Жириновский гузашт: ҳизби либерал-демократии Русия раисашро интихоб мекунад
16:55 18.05.2022 (Навсозишуда: 17:34 18.05.2022) Ҳизби либерал-демократии Русия роҳбари нави фраксияаш дар Думаи давлатиро интихоб карда, нақша дорад, роҳбари ҳизбро низ таъйин намояд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳизби либерал-демократии Русия санаи баргузории интихоботи раиси навашро муайян кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳизб тайи 40 рӯз аз даргузашти роҳбараш Владимир Жириновский дар аввали моҳи апрели соли равон ҳич масъалаи кадриро баррасӣ накара буд.
Бо гузашти ин муҳлат қарор шудааст, ки ҷаласаи Шӯрои олии ҳизбӣ барои интихоби роҳбари нав баргузор шавад, ки 27 майи соли равон дар Маскав дар назар аст.
Аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раиси ҳизб вакил Леонид Слутский ва Михаил Дегтярев, волии вилояти Хабаровск гуфта мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Слутский роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ интихоб шуд. Ӯ ба ҳамкоронаш барои изҳори эътимод миннатдорӣ баён кардааст.
Леонид Эдуардович Слутский 4 январи 1968 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, Донишкадаи дастгоҳҳои Маскавро бо ихтисоси "идораи ташкилот" хатм кардааст. Аз соли 1992 то 1993 мушовири шаҳрдори Маскав Юрий Лужков буд.
Панҷ бор ба Думаи давлатӣ интихоб шудааст. Аз 5 октябри соли 2016 роҳбарии Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатиро ба уҳда дорад. Моҳи феврали соли 2017 бархе аз хонумони рӯзноманигор Слутскийро дар дастдарозӣ муттаҳам карданд, аммо ӯ ин иддаоро иғвоангезӣ хонда буд.
Аз соли 2014-ум дар феҳрасти таҳримоти ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор дошта, аз соли 2015 мудири кафедраи муносиботи байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироии Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад.
Дар баробари ин Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи корҳои илмӣ дар масоили иқтисоди муосир, ҳамгироии авруосиёӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз намояндагони ҳайати Русия дар музокирот бо Украина мебошад.