https://sputnik.tj/20220518/raisi-hldr-joyguzin-zhirinovskiy-1048535352.html
Номи раиси нави фраксияи ҲЛДР эълон шуд: ҷойгузини Жириновский кист?
Номи раиси нави фраксияи ҲЛДР эълон шуд: ҷойгузини Жириновский кист?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби либерал-демократӣ раиси нави фраксия дар Думаи давлатии Русияро ба ҷои Владимир Жириновский таъин кард 18.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-18T13:40+0500
2022-05-18T13:40+0500
2022-05-18T16:11+0500
владимир жириновский
дар русия
ҳизби либерал демократии русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/87/1031518787_0:0:2001:1125_1920x0_80_0_0_80b40d881368d0e0550f041303a52f6f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вакил Леонид Слутский раҳбари нави фраксияи ҲЛДР дар Думаи Давлатӣ шуд. Дар ин бора муовини раиси фраксияи ҳизби мазкур дар Дума Ярослав Нилов дар канали "Telegram"-и худ хабар медиҳад.Слутский дар маҷлиси ғайринавбатии фраксия аксарияти овозҳоро гирифт. Сиёсатмадор аллакай дар блоги шахсияш ба ин таъйинот посух додааст. "Ман ба ҳамкасбонам барои эътимодашон ташаккур мегӯям", - навиштааст роҳбари нави фраксияи ҲЛДР.Ҳамин тариқ, Леонид Слутский мақоми раиси пешини ҳизб Владимир Жириновскийро ишғол кард, ки рӯзи 6 апрел пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. Леонид Слутский кист?Леонид Эдуардович Слутский 4 январи соли 1968 дар Маскав таваллуд шуда, дорандаи маълумоти олӣ мебошад. Аз соли 1992 то соли 1993 мушовири мири Маскав Юрий Лужков буд. Слутский панҷ маротиба ба мақоми вакиль дар Думаи давлатӣ интихоб шуд. Аз 5 октябри соли 2016 - раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба корҳои байналмилалист. Соли 2014 ба феҳристи таҳримҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо шомил шуда, аз соли 2015 мудири кафедраи равобити байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав аст.Илова бар ин, Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи мақолаҳои илмӣ оид ба мушкилоти инноватсия дар иқтисоди муосир, ҳамгироии Авруосиё ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мебошад. Дар соли 2022 ӯ яке аз намояндагони Русия дар музокироти Русияву Украина барои ҳалли бӯҳрон шуд.
https://sputnik.tj/20220406/siyosatmador-peshvo-sukhanpardoz-zhirinovskiy-aks-1047415460.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/87/1031518787_15:0:1792:1333_1920x0_80_0_0_814539a6e8c35b86e5d1365191a5f369.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир жириновский, дар русия, ҳизби либерал демократии русия, сиёсат
владимир жириновский, дар русия, ҳизби либерал демократии русия, сиёсат
Номи раиси нави фраксияи ҲЛДР эълон шуд: ҷойгузини Жириновский кист?
13:40 18.05.2022 (Навсозишуда: 16:11 18.05.2022) Ҳизби либерал-демократӣ раиси нави фраксия дар Думаи давлатии Русияро ба ҷои Владимир Жириновский таъин кард
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вакил Леонид Слутский раҳбари нави фраксияи ҲЛДР дар Думаи Давлатӣ шуд. Дар ин бора муовини раиси фраксияи ҳизби мазкур дар Дума Ярослав Нилов дар канали "Telegram"-и худ хабар медиҳад.
Слутский дар маҷлиси ғайринавбатии фраксия аксарияти овозҳоро гирифт. Сиёсатмадор аллакай дар блоги шахсияш ба ин таъйинот посух додааст.
"Ман ба ҳамкасбонам барои эътимодашон ташаккур мегӯям", - навиштааст роҳбари нави фраксияи ҲЛДР.
Ҳамин тариқ, Леонид Слутский мақоми раиси пешини ҳизб Владимир Жириновскийро ишғол кард, ки рӯзи 6 апрел пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт.
Леонид Эдуардович Слутский 4 январи соли 1968 дар Маскав таваллуд шуда, дорандаи маълумоти олӣ мебошад. Аз соли 1992 то соли 1993 мушовири мири Маскав Юрий Лужков буд.
Слутский панҷ маротиба ба мақоми вакиль дар Думаи давлатӣ интихоб шуд. Аз 5 октябри соли 2016 - раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба корҳои байналмилалист.
Соли 2014 ба феҳристи таҳримҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо шомил шуда, аз соли 2015 мудири кафедраи равобити байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав аст.
Илова бар ин, Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи мақолаҳои илмӣ оид ба мушкилоти инноватсия дар иқтисоди муосир, ҳамгироии Авруосиё ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мебошад.
Дар соли 2022 ӯ яке аз намояндагони Русия дар музокироти Русияву Украина барои ҳалли бӯҳрон шуд.