https://sputnik.tj/20220518/qurb-rubl-birzha-maskav-1048536017.html
Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт
Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Қурби рубли Русия, ки тайи ҳафтаҳои охир тамоюли устуворшавӣ дошта, аз нишондоди 63 рубл барои 1 доллар ҳам қавитар шуда буд, каме коҳиш ёфтаст
2022-05-18T14:20+0500
2022-05-18T14:20+0500
2022-05-18T16:26+0500
дар русия
иқтисод
ҳамкорӣ
рубл
доллар
қурб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_0:276:3151:2048_1920x0_80_0_0_241633ef68863c06fa4eb8894b006b9e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Арзиши рубли Русия дар оғози савдо дар биржаи Маскав каме коҳиш ёфт, хабар дод РИА "Новости". Ба иттилои манбаъ, қурби доллар бо ҳисоби "фардо" 20 копейк афзоиш ёфта, дар сатҳи 63,8 рубл қарор гирифтааст. Нишондоди арзиши доллар ба 66,87 рубл расидааст. Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия фаъолият доранд, ки маошро бо рубл мегиранд ва арзиши ин асъор ба даромади онҳо низ таъсири бевосита дорад.Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои 1 доллари ИМА — 12.4950 сомонӣ, 1 евро – 13.1635 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1660 сомонӣ муқаррар кардааст. Қурби миёнаи фурӯши асъори рубли нақди Русия дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1660 то 0.1700 сомониро ташкил медиҳад. Як доллари ИМА ба ивази 12.4950 то 12.0000 сомонӣ ва евро аз 13.1635 то 12.7500 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220518/bonkdori-islomi-tojikiston-nazar-korshinoson-1048526504.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_297:0:3028:2048_1920x0_80_0_0_e57093adbe5ee412f73a5a7b593b0677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, қурб, рубл, биржа, маскав
коҳиш, қурб, рубл, биржа, маскав
Қурби рубл дар биржаи Маскав каме поин рафт
14:20 18.05.2022 (Навсозишуда: 16:26 18.05.2022) Қурби рубли Русия, ки тайи ҳафтаҳои охир тамоюли устуворшавӣ дошта, аз нишондоди 63 рубл барои 1 доллар ҳам қавитар шуда буд, каме коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Арзиши рубли Русия дар оғози савдо дар биржаи Маскав каме коҳиш ёфт, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, қурби доллар бо ҳисоби "фардо" 20 копейк афзоиш ёфта, дар сатҳи 63,8 рубл қарор гирифтааст. Нишондоди арзиши доллар ба 66,87 рубл расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия фаъолият доранд, ки маошро бо рубл мегиранд ва арзиши ин асъор ба даромади онҳо низ таъсири бевосита дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои 1 доллари ИМА — 12.4950 сомонӣ, 1 евро – 13.1635 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1660 сомонӣ муқаррар кардааст.
Қурби миёнаи фурӯши асъори рубли нақди Русия дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1660 то 0.1700 сомониро ташкил медиҳад.
Як доллари ИМА ба ивази 12.4950 то 12.0000 сомонӣ ва евро аз 13.1635 то 12.7500 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.