https://sputnik.tj/20220517/zokirzoda-ozarboyjon-rahmon-1048501577.html
Зокирзода дар Озарбойҷон аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон гуфт
Зокирзода дар Озарбойҷон аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, кишвардорони Тоҷикистон ва Озарбоӣҷон дар рушди муносибатҳои ду кишвар фаъолияти пурмаҳсул доранд
2022-05-17T10:07+0500
2022-05-17T10:07+0500
2022-05-17T13:56+0500
маҳмадтоир зокирзода
маҷлиси намояндагон
дар тоҷикистон
озарбойҷон
сиёсат
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048501534_0:0:570:321_1920x0_80_0_0_ad7726182b480b7a3e60145da17c24c7.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Озрабойҷон бо ҳамтоёни худ дидору мулоқот кард.Зокирзода дар бораи парламенти Тоҷикистон, рушди парламентаризм дар кишвар ва нақши он дар суботи сиёсӣ маълумот додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба таҳкиму тақвияти алоқаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон махсус таъкид шудааст.Дар ин росто ҷонибҳо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ташкил кардаанд, ки мунтазам вохӯриҳои корӣ доир менамоянд.Зокирзода дар раъси як ҳайат вориди Боку шудРоҷеъ ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар бошад, Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намудааст, ки бинобар наздик будани фарҳангу тарзи зиндагии халқи ду кишвар ҷонибҳо ба табодули фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Зикр гардидааст, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта истодааст. Тоҷикистону Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ дар чорчӯби созмонҳои Созмони Милалӣ Муттаҳид, САҲА ва ИДМ шарик ҳастанд.
озарбойҷон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048501534_75:0:542:350_1920x0_80_0_0_612fb51d1fe01d20337b22da55feadc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озарбойҷон, муносибот,
тоҷикистон, озарбойҷон, муносибот,
Зокирзода дар Озарбойҷон аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон гуфт
10:07 17.05.2022 (Навсозишуда: 13:56 17.05.2022) Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, кишвардорони Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар рушди муносибатҳои ду кишвар фаъолияти пурмаҳсул доранд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Озрабойҷон бо ҳамтоёни худ дидору мулоқот кард.
Зокирзода дар бораи парламенти Тоҷикистон, рушди парламентаризм дар кишвар ва нақши он дар суботи сиёсӣ маълумот додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
"Зокирзода бавижа аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти сулҳовар, бунёдгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар таъкид намуд", - омадааст дар хабар.
Зимни мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба таҳкиму тақвияти алоқаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон махсус таъкид шудааст.
Дар ин росто ҷонибҳо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ташкил кардаанд, ки мунтазам вохӯриҳои корӣ доир менамоянд.
Роҷеъ ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар бошад, Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намудааст, ки бинобар наздик будани фарҳангу тарзи зиндагии халқи ду кишвар ҷонибҳо ба табодули фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
"Санъати мусиқии миллии ду кишвар ба мисли мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом”-у “Фалак” ва озарӣ “Мугам” ё “Ашиг” хеле ба ҳам наздиканд", - гуфтааст ӯ.
Зикр гардидааст, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта истодааст.
Тоҷикистону Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ дар чорчӯби созмонҳои Созмони Милалӣ Муттаҳид, САҲА ва ИДМ шарик ҳастанд.