https://sputnik.tj/20220517/rusiya-tojikiston-tahkim-marz-kumak-1048508318.html
Русия ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марз кумак хоҳад кард
Русия ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марз кумак хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Маскав гуфт, ки Федератсияи Русия дар пасманзари вазъи ноором дар Афғонистон аз ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пуштибонӣ хоҳад кард
2022-05-17T15:15+0500
2022-05-17T15:15+0500
2022-05-17T18:55+0500
дар тоҷикистон
дар русия
амният ва мудофиа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/73/1028067318_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_2c3dbe68cc9408e9b82e1d7d25c2c680.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, вазъ дар Афғонистон то ҳол муътадил нест. Ӯ ин нуктаро дар конфронси II-юми осиёимарказии Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай", ки дар дар Нижний Новгород доир шуд, изҳор дошт. Руденко гуфт, бо вуҷуди чунин бесуботӣ Русия мисли пештара ба ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар рафъи таҳдидҳои амниятӣ кумак хоҳад кард.Ба гуфтаи ӯ, вазъ махсусан дар манотиқи шимолии Афғонистон печида шудааст. Вай афзуд, ин ҳолат шарикон, бахусус Тоҷикистонро нигарон кардааст.Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, Русия омодааст, ки бо кишварҳои минтақа ҳамкориҳои минбаъдаро идома диҳад. "Мо ба ин кишварҳо аз ҷиҳати низомӣ кумак мекунем, амнияти марзҳоро таҳким медиҳем ва дар чаҳорчӯби СПАД ёрӣ мерасонем", - хулоса кард Андрей Руденко.Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба хулосае омад, ки сарфи назар аз мавҷудияти мушкилот дар айни замон хатаротро бояд пешгирӣ кард.
https://sputnik.tj/20220513/lavrov-vaz-panjsher-sukhan-1048418965.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/73/1028067318_81:0:1148:800_1920x0_80_0_0_d82d68dc9956742fa9dd39a77ee4adc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон амният марз кумак
русия тоҷикистон амният марз кумак
Русия ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марз кумак хоҳад кард
15:15 17.05.2022 (Навсозишуда: 18:55 17.05.2022) Маскав гуфт, ки Федератсияи Русия дар пасманзари вазъи ноором дар Афғонистон аз ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пуштибонӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, вазъ дар Афғонистон то ҳол муътадил нест.
Ӯ ин нуктаро дар конфронси II-юми осиёимарказии Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай", ки дар дар Нижний Новгород доир шуд, изҳор дошт.
Руденко гуфт, бо вуҷуди чунин бесуботӣ Русия мисли пештара ба ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар рафъи таҳдидҳои амниятӣ кумак хоҳад кард.
"Хатарҳо дар минтақа, пеш аз ҳама хатарҳои марбут ба Афғонистон аст, ки мутаассифона, вазъ дар он ҷо то ҳол муътадил нест", - таъкид кард дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ махсусан дар манотиқи шимолии Афғонистон печида шудааст. Вай афзуд, ин ҳолат шарикон, бахусус Тоҷикистонро нигарон кардааст.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, Русия омодааст, ки бо кишварҳои минтақа ҳамкориҳои минбаъдаро идома диҳад.
"Мо ба ин кишварҳо аз ҷиҳати низомӣ кумак мекунем, амнияти марзҳоро таҳким медиҳем ва дар чаҳорчӯби СПАД ёрӣ мерасонем", - хулоса кард Андрей Руденко.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба хулосае омад, ки сарфи назар аз мавҷудияти мушкилот дар айни замон хатаротро бояд пешгирӣ кард.