https://sputnik.tj/20220517/raison-davra-bozomuzi-sugd-1048499900.html
Барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ давраи бозомӯзӣ ташкил шуд
Барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ давраи бозомӯзӣ ташкил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари гузаштан аз даври бозомӯзӣ раҳбарони ҲХДТ дар вилояти Суғд аз маконҳои таърихӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ боздид низ кардаанд
2022-05-17T09:00+0500
2022-05-17T09:00+0500
2022-05-17T14:00+0500
ҳхдт
омӯзиш
суғд
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048500018_0:0:768:432_1920x0_80_0_0_87bcedb13ae80ce5ba9c0f8920648ab4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи бозомӯзӣ оғоз гардидааст.Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни давраи бозомӯзӣ қироати маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин дар чорчӯби ин барнома доир гардидани мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои гуногуни мавзуӣ дар назар аст.Дар баробари ин ширкаткунандагон аз ёдгориҳои таърихӣ боздид мекунанд.Онҳо аллакай аз хона-музейҳои арбобони барҷастаи илму адаб, шаҳраки бостонии "Саразм", қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, хонаи маъюбону пиронсолон ва ташкилоти намунавии ибтидоии ҳизбӣ дидан намудаанд.Зимни сафар ба шаҳри Панҷакент ширкаткунандагони бозомӯзӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ, аз майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намудаанд.Дар шаҳри Панҷакент бошад, шунавандагони давраи бозомӯзӣ нахуст аз оромгоҳи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дидан кардаанд. Давраи бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент то 20 май идома меёбад.
https://sputnik.tj/20220409/itikhobot-sugd-vakiloni-khorijshuda-intikhob-1047505711.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048500018_118:0:759:481_1920x0_80_0_0_40da807aa152a5e31681686df8ca2c14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисон, ҳхдт, даври бозомӯзӣ,
раисон, ҳхдт, даври бозомӯзӣ,
Барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ давраи бозомӯзӣ ташкил шуд
09:00 17.05.2022 (Навсозишуда: 14:00 17.05.2022) Дар баробари гузаштан аз давраи бозомӯзӣ раҳбарони ҲХДТ дар вилояти Суғд аз маконҳои таърихӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ низ боздид мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи бозомӯзӣ оғоз гардидааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни давраи бозомӯзӣ қироати маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин барнома доир гардидани мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои гуногуни мавзуӣ дар назар аст.
Дар баробари ин ширкаткунандагон аз ёдгориҳои таърихӣ боздид мекунанд.
Онҳо аллакай аз хона-музейҳои арбобони барҷастаи илму адаб, шаҳраки бостонии "Саразм", қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, хонаи маъюбону пиронсолон ва ташкилоти намунавии ибтидоии ҳизбӣ дидан намудаанд.
Зимни сафар ба шаҳри Панҷакент ширкаткунандагони бозомӯзӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ, аз майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намудаанд.
Дар шаҳри Панҷакент бошад, шунавандагони давраи бозомӯзӣ нахуст аз оромгоҳи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ дидан кардаанд.
Давраи бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент то 20 май идома меёбад.