https://sputnik.tj/20220517/qirghiziston-maktab-chappa-bistari-1048511146.html
Дар Қирғизистон боми мактаб ҳангоми дарс чаппа шуд: 19 касро ба беморхона бурданд - акс
Дар Қирғизистон боми мактаб ҳангоми дарс чаппа шуд: 19 касро ба беморхона бурданд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодиса замони таҳсили хонандагон дар мактаби рақами 18 - и вилояти Ҷалолобод ба номи А.Чимканаев рух додааст. 19 нафар дар паи ин ҳодиса бистарӣ шуд
2022-05-17T15:50+0500
2022-05-17T15:50+0500
2022-05-17T18:48+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қирғизистон
чаппа шудани девор
мактаб
омӯзгор
талабагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/07/1039313534_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_872c033a98d8a1c71cfb5bda8aee79c9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Қисме аз боми мактаб ҳангоми дарс дар як муассисаи таълимотии ноҳияи Чоткал, дар вилояти Ҷалолобод фурӯ рехт ва 19 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар мактаби рақами 18 ба номи А.Чимканаев ҳангоми дарс рух додааст. Ба ҷои ҳодиса се наҷотдиҳанда ҳозир шудаанд."Дар пайи ин ҳодиса 18 донишомӯз ва як омӯзгор ба бемористони ҳудудии Ала-Бука мунтақил шуданд", — гуфтанд дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ. Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар пайи ин ҳодиса хонандагон осеб надидаанд.Манбаъ афзуда, ки кӯдакон ва омӯзгорро дар як микроавтобус барои муоина ба бемористони Ала-Бука интиқол доданд ва онҳо бозгардонда мешаванд. Маълум аст, ки фишори хуни муаллима дар пайи ин ҳодиса баланд шудааст.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/07/1039313534_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8e183fe0dc5913542222e169ee1fda24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаб, қирғизистон, боми мактаб, фурӯ рехт,
мактаб, қирғизистон, боми мактаб, фурӯ рехт,
Дар Қирғизистон боми мактаб ҳангоми дарс чаппа шуд: 19 касро ба беморхона бурданд - акс
15:50 17.05.2022 (Навсозишуда: 18:48 17.05.2022) Ҳодиса дар мактаби рақами 18-и ба номи А.Чимканаеви вилояти Ҷалолобод рух додааст. 19 нафар дар пайи ин ҳодиса ба беморхона интиқол ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Қисме аз боми мактаб ҳангоми дарс дар як муассисаи таълимотии ноҳияи Чоткал, дар вилояти Ҷалолобод фурӯ рехт ва 19 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар мактаби рақами 18 ба номи А.Чимканаев ҳангоми дарс рух додааст. Ба ҷои ҳодиса се наҷотдиҳанда ҳозир шудаанд.
"Дар пайи ин ҳодиса 18 донишомӯз ва як омӯзгор ба бемористони ҳудудии Ала-Бука мунтақил шуданд", — гуфтанд дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар пайи ин ҳодиса хонандагон осеб надидаанд.
"Борон меборид ва аз шифт об мечакид. Муаллима кӯдаконро берун бурд, то касе осеб набинад. Кӯдакон тарсиданд, шокӣ буданд, аммо осеб надидаанд", - қайд карданд дар Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ афзуда, ки кӯдакон ва омӯзгорро дар як микроавтобус барои муоина ба бемористони Ала-Бука интиқол доданд ва онҳо бозгардонда мешаванд.
Маълум аст, ки фишори хуни муаллима дар пайи ин ҳодиса баланд шудааст.