Патрушев: Ғарб дар барандозии низом дар Русия ноком шуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки амалиёти махсуси низомӣ дар Украина нақшаҳои Ғарб дар ташкили низоми идорашаванда дар Русияро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар ҷаласаи Шӯрои илмии назди Шӯрои амният гуфт, амалиёти вижаи Русия нақшаҳои Ғарбро дар ташкили режими таҳти назорати худ, монанди Украина ва як қатор кишварҳои дигар, шикаст дод.
"Ғарб талош дорад, дар Русия монанди Украина ва як қатор кишварҳои дигар режиме ташкил кунад, ки зери назорати онҳо бошад. Амалиёти вижаи низомии Русия ин нақшаҳоро барбод дод", - хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод дар истинод ба суханони ӯ.
Ҳамзамон оқои Патрушев қайд кард, Русия маҷбур шуд, ин иқдоми пешакӣ андешад, зеро сатҳи таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, ба дараҷае расид, ки давлатдорӣ ва мавҷудияти Русияро зери хатар қарор дод.
Солдат армии США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Вокуниши Русия дар қиболи вуруди Финландия ва Шветсия ба НАТО
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0