Лавров: НАТО дағалона уҳдадориҳояшро нақз кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Уҳдадориҳо, ки амнияти худӣ аз ҳисоби бехатарии дигарон таъмин нашаваду ягон созмон мавқеашро ба дигарон таҳмил насозад аз сӯйи НАТО нақз шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Созмони Атлантики Шимолӣ - НАТО таҳти роҳбарии ИМА, ки тамоми Ғарбро зери фармони худ гирифта, уҳдадориҳояшро нақз кард, изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
Ӯ зимни ҳамоиши федералиии "Уфуқҳои нав" изҳор дошт, ки НАТО аз ҷумла уҳдадориҳо дар мавриди таҳким надодани амнияти худ аз ҳисоби дигаронро риоя накард.

"Рӯшан аст, НАТО таҳти роҳбарии ИМА, ки тамоми Ғарбро таҳти фармонаш даровардаст, ба шеваи дағал уҳдадорӣ дар мавриди таъмин накардани амнияти худ аз ҳисоби дигаронро нақз кард", - гуфт Лавров.

Вай ҳамчунин аз аҳдшиканиҳои НАТО дар мавриди он гуфт, ки ягон созмон бояд даъвои пешоҳангӣ накунаду барои дигарон хостаҳои худро таҳмил насозад.
Ба гуфтаи Лавров, бар асари чунин роҳи пешгирифтаи Ғарб, эътилофи НАТО ба тарафи Шарқ густариш ёфт.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе аз мақомдорон аз дигар кашварҳо, аз ҷумла Эрон изҳор дошт, ки маҳз паҳншавии НАТО ба шарқ боиси буҳрони Украина гардид. Теҳрон мегӯяд, Ғарб мавқеи сиёсию амниятии кишварҳои дигар ва махсусан Русияро нодида гирифт, ки бо вазъи феълӣ дар Украина анҷомид.
Официальный представитель министерства иностранных дел Ирана Саид Хатибзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Теҳрон сабаби буҳрони Украинаро гуфт
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.
Лентаи хабарҳо
0